Дар Хуҷанд беш аз 100 намуди нонро мепазанд, ки қисми зиёди он бо номи нонпазҳо ва ё кӯчаҳо маъруф аст. Иддае аз нонпазҳо ба нонҳои худ исмашонро гузошта ҳамчун брнеди аслӣ муаррифӣ мекунанд. Аммо гуруҳе аз онҳо мегӯянд ба нонашон ном нагузоштаанд, чун номи кӯчаҳояшон баёнгари бренди онҳост. Нонҳои маъруфи Хуҷанд кадомҳоянд ва чӣ чизе дохилаш ҳамроҳ мекунанд?

Бозори гарми нонфурӯшӣ, маъракаҳои хонаводагӣ ва ҷашнҳои миллӣ талабот ба нонҳои калонҳаҷм ва бомазза дар Хуҷанро бештар кардааст. Ҳарчанд соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус дархост ба нонвойхонаҳо кам шудааст, аммо нонпазҳо мегӯянд ин солро бе зиёни молӣ анҷом доданд. Бозори замоне гарми нонҳои обиву равғанӣ ва ширмолро нонҳои ҳаҷман калону бо брендҳои махсуси номи шахсиятҳо сардтар намудааст. Нонпазҳо мегӯянд, тӯйу маъракаҳои хонаводагӣ тайи даҳ соли ахир талабот ба анвои нонҳои хушсифату бомаззаро зиёд ва дар шахсиятсозии номашон асар кардааст.

Чаро нони фатири Лермонтов?

Мирзораҳим Нозимов яке аз нонпазҳои маъруфи Хуҷанд аст, ки 35 соли ахир бо пухтани нонҳои бомазза тавонистааст ба яке аз пештозони бозори нон табдил ёбад. Нони фатири ин нонпаз, бино ба гуфташ зеби тӯйу маъракаҳои хонаводагӣ аст ва талабгорони зиёдеро дар Хуҷанду навоҳии атрофи он пайдо кардааст. Нонҳои пухтаи ӯро бо номи Лермонтов мешиносанд дар ҳоле, ки нонпаз мегӯяд, дар рӯйи нонҳояш ягон бренди махсусро нагузоштааст ва Лермонтов номи кӯчааш мебошад.

“Аз он сабаб нони фатири Лермонтов ширин аст, ки мо ба як халта орди 50 килоӣ 400 грам шакар, 5 литр равғани пахта, 1 кило намак, 23 литр оби гарм, 50 ё 60 грам маҳлули хамир (дрож) ҳамроҳ карда хамир мекунем Рӯйи нон шир ва кунҷиди сафед мемолем, вазни нони фатири пухташуда 770-780 грам аст. Мо аҳамият медиҳем то қабати нон хуб пазад одаме, ки нон мехӯрад фаҳмад, ки нон хӯрда истодааст, на хамир. Хамирро чӣ қадар зиёд мушт кунед ҳамонқадар пушти нон хуб мепазад ва нон бомазза мешавад”.

Нони фатири Лермонтов дар нонвойхона барои маъракаҳо 6,50 сомонӣ ва ба мағозаҳо бо арзиши 5,70 сомонӣ фурӯхта мешавад. Оилаи Мирзоевҳо мегӯянд, давоми  9 соли ахир дар вазну сифат ва маззаи нони фатири Лермонтов ягон тағйирот ворид накарданд ва аз он сабаб, ки нон бомазза,  мулоим ва вазни якмаром дорад талабгорони бештареро пайдо кардааст. Ҳамарӯза ин нонпазон зиёда аз 300 дона нони фатир мепазанд, ки асосан ба маъракаҳо ва чанд мағоза пешбинӣ шудааст. 

“Қаблан кӯчаи  мо, ки дар ҳамин ҷо нон мепазам, ба номи Лермонтов буд. Нон, ки бомазза буд аз соли 1985 то имрӯз аз  роҳҳои дур пурсида меоянд. Мо дар хамиркунӣ ва ба танӯр бастани нон сахт аҳмият медиҳем беш аз 40 дақиқа нон дар танӯр мепазад”-гуфт, нонпази 63-сола.

Мирзораҳим Нозимов мегӯяд,онҳо ба ҷузъ нони фатир дар асоси дархости мизоҷон нонҳои ҷазагин бо вазни 770 грам, ки дохилаш 50 грам ҷазза дорад мепазанд ва ба қимати 7 сомонӣ мефурӯшанд. Нонпаз мегӯяд “барои маросимҳои фотиҳаи ҷавонон ва маросими дар Хуҷанд маъмули ноншиканон нони фатири калон дархост мешавад ва бар ивази  8-12 сомонӣ пухта мефурӯшанд”.

Хонаводаи Мирзоевҳо - соҳиби бренди Лермонтов
Asia-Plus

 “Нони Дилафрӯз” бо бренди Ҷамолхон: калону гарон

Нони “Дилафрӯз” аз калонтарин нони растаи фурӯши ин намуди хӯрока дар мағозаҳои Хуҷанд аст, ки 1 килою 200 грам вазн дорад ва тоҷирон бо қимати 10 сомонӣ онро мефурӯшанд. Моликони нонвойхона мегӯянд, Дилафрӯз духтари яке аз нонпазҳои маъруфи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, ки ҳоло бо бренди “Ҷамолхон” дар шимолии Тоҷикистон ва берун аз он маъруф аст. Мудири нонвойхона Ҷалолхон Ҷамолзода ба “Азия-Плюс” гуфт аз 10 намуди нонҳои хушсифате, ки онҳо мепазанд “Нони Дилафрӯз”, нони мағздор ва нони сиёҳи хонагӣ бо бренди Ҷамолхон серхаридор аст.

“Дилафрӯз хоҳари мактабхони ман аст. Барои пухтани “Нони Дилафрӯз” дохили 50 кило орди навъи якум 5 кг равғани маргарин, 5 литр шир, 20 литр об 1 килоӣ шакар ва намак, 70 грам дрож ҳамроҳ мекунем. Нонҳои фатири “Ҷамолхон” пешгузари бозорҳои Суғданд ва ҳангоми ташрифи меҳмонон дар ҷашнҳои Наврӯз, Истиқлол давлатӣ ва дигар ҷашну маросимҳо мо нонҳои хушсифату бомазза пухта, пешкаши онҳо мегардонем”. 

Мудири нонвойхонаи Ҷамолхон мегӯяд, онҳо бо нонҳои калону бомазза солҳои 2017-2020 дар чорабиниҳои вилояти Суғд ва соли 2019 дар озмуни муаррифии нонҳои хушсифати Тоҷикистон дар Душанбе ҷойи аввалро касб карданд. Нонпазӣ аз модаркалон ба падарам Ҷамолхон ва аз падар ба мо фарзандон мерос монд, мегӯяд, Ҷалолхон Ҷамолзода. Вай афзуд нонвойхонаро низ модаркалонаш асос гузоштааст ва бренди “Ҷамолхон” 12 соли ахир маъруф шудааст.

“Нони мағздори Ҷамолхон ҳаст, маҳсулоташ ба мисли маҳсулоти “Нони Дилафрӯз”, фақат рӯяш мағз мегузорем, 600 грам вазн дорад, ки арзишаш 6 сомонӣ аст. Инчунин нони сиёҳи хонагӣ бо орди навъи дуюм омода мекунем, таркибаш равғани маргарин, шакар ба ҷойи 5 литр 10 литр шир ҳамроҳ мекунем, ки 600 грам вазн дорад ва бо нархи 6 сомонӣ мефурӯшем. Шукр ба мардум нонамон писанд омад, талабот зиёд аст, чун бе фиреб кор мекунем”. 

акс аз Asia-Plus

Дар ин нонвойхона дар як рӯз ҳудуди 700 дона нони гуногун пухта ба бозору мағозаҳои Хуҷанд ва навоҳии атрофи он дастрас мекунанд.

“Нони шир” дар оғоз шири зиёд? ҳоло чӣ?

Гурӯҳе аз нонпазҳо дар панҷ соли пеш бо бренди “Нони шир” вориди бозор шуданд ва ҳоло фурӯши чунин нон родар Хуҷанду шаҳрҳои атрофи он ва дар Душанбе ба роҳ мондаанд. Моликони ин нонвойхона мегӯянд, асосан ду намуди нон, фатири калон ва фатири хурд мепазанд ва бо маззаи ширини нон байни мардум шинохта шуданд. Неъмат Зарипов яке аз таҳиякунандагони ин нон гуфт, ҳамарӯза ҳудуди 500 дода нони фатир, ки ҳар яке 700-720 грам вазн дорад мепазанд ва дар мағозаву бозорҳо бо арзиши аз 6 сомонӣ зиёд мефурӯшанд. Нони шири калон, ки нисбатан вазн ва ҳаҷми калон дорад аз 7 сомонӣ гаронтар дар фурӯш аст.

Нони шир

“Мо дохили як халта орди 50 килоӣ 1 килоӣ шакару намак, 25 кило об, 60 грам хамиртурш (дрож), 2 кило равғани растанӣ, 3 кило равғани маргарин ва каме шир ҳамроҳ мекунем. Аз ҳисоби бомазза ва ширинӣ нони мо бозоргир шуд. Хамири ҳар як нонро беғалат кило мекунем, сирри мо дар он аст, ки мо ҳамакаса барои сифат якор мекунем”.

Давоми як соли ахир дар Хуҷанд нархи нон дар пайи болоравии арзиши орд  ва равған ҳудуди 1 сомонӣ ва аз он зиёд гарон шудааст. Дар растаи мағозаҳои маҳсулоти хӯрока низ ҳамарӯза ҳудуди 40 намгӯи нон меоранду дар фурӯш аст, ки аз 2 то 10 сомонӣ қимат дорад. Нонфурӯшон мегӯянддар замони пандемияи коронавирус талабот ба нон кам шуд ва бар замми ин дар мағозаҳо гоҳо нонашон харидор намеёбад ва маҷбур рӯзи дигар онро бо нархи то 3 сомонӣ арзонтар дар маҳал ё бозорҳо ба фурӯш мегузоранд, ки бар зиёни онҳо низ ҳаст. 


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.