Ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик Фотима Ғуломова чанд лаҳза пеш, бар асари беморие, ки дошт дар синни 87-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзанди ӯ Шаҳбоз Абдураззоқов дар Фейсбук хабар додааст. 

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. 

Ӯ баъди хатми театр-студияи тоҷикии Донишкадаи давлалати ҳунари театрии  Москва (ГИТИС) дар соли 1961 корро ба унвони ҳунрапешаи Театри Лоҳутӣ оғоз мекунад.

Ӯ дар намоишҳои «Бой ва ғулом», «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ», «Рустам ва Суҳроб», «Мо аз боми ҷаҳон» ва ғайра нақшҳои мондагоре офаридааст.

Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманд ва коргардони номошнои  Тоҷикистон буд.

Ҳабибулло Абдураззоқов низ чанде пеш, 19-уми январи имсол дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи чеҳраҳои шинохтаи тоҷик дар Лучоб ба хок супурда шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.