Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоси ҳавоии мунтазамро бо Афғонистону Қазоқистон барқарор кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

“Дар робита ба беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус дар кишвар ва бар асоси қарори ҳукумат, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус дар бораи роҳандозии хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ бо Афғонистону Қазоқистон қарор қабул кард. Билетҳо баъди чанд рӯз ба фурӯш бароварда шуда, парвозҳо ба наздикӣ шурӯъ мешаванд”, - қайд кард Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе - Алмаато - Душанбе ва бозпас ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Эйр Остона” ва парвозҳоро ба самти Душанбе - Кобул - Душанбе ва бозпас - ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Кам Эйр” анҷом медиҳанд.

“Ҳар кадоме аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳафтае як маротиба як парвоз иҷро мекунад. Минбаъд шумори парвозҳо зиёд карда мешавад”, - иброз дошт ӯ.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки дар вохӯрии корӣ Агентӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ талаб кард, ки ба беасос боло бурдани нархи билетҳо роҳ надода, дар ҳудуди арзиши аслиашон нархи билетҳоро танзим кунанд.

Ҳамчунин Субҳонзода қайд кард, ки ҳамаи мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистону Афғонистон ва бозпас аз он ҷо сафар мекунанд, бояд ҳатман тамоми тадбирҳои эҳтиёткориро риоя намоянд.

“Мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ошкор мешавад, инчунин мусофироне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, бо худ надошта бошанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”, - таъкид дошт директори Агентӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.