Вақте тобистони соли гузашта Тоҷикистон ба ҳамсояҳо бо об кумак кард, аксарият, аз ҷумла, мутахассисон гуфтанд, ки бо ин сабаб - норасоии об дар худи ҷумҳурӣ, дар мавсими тирамоҳу  зимистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит ҷорӣ карда шуд.

Ӯзбекистон ба мисли соли 2008 бо камбуди шадиди об дар мавсими обёрӣ дучор шуда метавонад, хабар доданд ҳафтаи гузашта ба ВАО-и Ӯзбекистон дар Вазорати хоҷагии оби ин кишвар.

Бар асоси маълумоте, ки зимни таҳлили вазъи гирдрометеорологӣ дар ҷумҳурӣ дастрас гардидааст, чунин пешгӯйӣ шудааст.

Интизор меравад, ки дар давраи нашъунамо (аз апрел то сентябр), ки нашъунамои растаниҳо оғоз меёбанд, дар дарёҳои фаромарзии Амӯдарё ва Сирдарё коҳиши шадиди ҳаҷми об дар назар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон, агар ҳаҷми боришоти ҳозира дар сатҳи кунунӣ боқӣ монад, дар давраи нашъунамо (вегетатсионӣ) мизони таъминкунӣ бо об аз 25% пасттар мешавад, яъне он то сатҳи соли 2008 поин меравад.

Айни замон дар обанборҳои Ӯзбекистон об захира карда мешавад, лекин ҳозир сатҳи об нисбат ба солҳои пешин пасттар аст.

Дар Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон ба боришоти зиёди моҳи март ва ҷамъоварии захираҳои кофии об барои наҷоти бахши кишоварзӣ умедворанд, ки панҷяки ММД-и кишвари ҳамсояро ташкил медиҳад.

Чӣ дорем?

Дар арзёбии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гуфта мешавад, 90%-и маҷрои дарёҳо дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Асоси захираҳои оби кишварро пиряхҳо, дарёву кӯл, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 64 километри мукааб (км³), аз ҷумла зиёда аз 98,2% дар ҳавзаи дарёи Амӯдарё ва наздики 1,8%-аш дар ҳавзаи Сирдарё ташаккул меёбад.

Дарёҳои Тоҷикистон дар навбати худ ба ҳисоби миёна 55,4% маҷрои ҳавзаи баҳри Аралро ба вуҷуд меоранд.

Боришоти солонаи миёна дар ҷумҳурӣ ҳудуди 760 мм бо тағйири аз 100 мм дар баъзе минтақаҳои ҷудогонаи ҷануби кишвар то 2400 мм дар минтақаҳои баландкӯҳи Помирро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти ахир, захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) миёни кишварҳои минтақа ба таври зайл тақсим шудаанд: маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон - 50,5%, Қазоқистон - 42%, Тоҷикистон - 7%, Қирғизистон - 0,5%; маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон - 42,2%, Туркмамнистон - 42,3%, Тоҷикистон - 15,2%, Қирғизистон - 0,3%.

Чӣ гуна Тоҷикистон аллакай кумак кард ва кумак расонида метавонад?

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон амалан ҳамагӣ 17-20%-и оби дар қаламраваш ташаккулёфтаро истифода мебарад.

Дар ҳамин ҳол, донистан лозим аст, ки ҷумҳурӣ таҳо истифодабарандаи об аст, на истеъмолгар ба мисли кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ.

Чун 93%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, Тоҷикистон бо мақсади киштукор ҳаҷми начандон зиёди захираҳои обиро истифода мекунад.

Ба Тоҷикистон об асосан барои истеҳсоли барқ лозим аст. Аз ин рӯ, дар мавсими баҳору тобистон як миқдори муайяни об дар обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ захира мешавад, то ки замони кам шудани маҷрои об дар дарёҳо, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз ин захираҳо барқ истеҳсол шавад.

Ин захираҳо танҳо аз ҳисоби маҳдудияти (лимити) обгирӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ки ҳамасола аз ҷониби Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муайян карда мешавад.

Илова бар ин, Тоҷикистон солҳои охир ин лимити ба ӯ ҷудошударо истифода намебарад. Соли 2019 меъёри обгирӣ барои Тоҷикистон 12,7 млрд метри мукааб обро ташкил медод, яъне ҷумҳурӣ ба истифодаи 19,8% захираҳои обӣ, ки дар қаламраваш ташаккул меёбанд, ҳуқуқ пайдо намуд.

Аммо аз рӯйи натиҷаҳои сол ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10,7 млрд метри мукааб гирифт.

Дар бораи ҳаҷми обгирии Тоҷикистон дар соли 2020 ҳоло маълумот дастрас нест, лекин ба гумони ғолиб, тамоили нопурра гирифтани меъёр дар соли гузашта низ идома ёфтааст.

Гап сари он аст, ки ҳанӯз тобистони соли гузашта раҳбарияти ҷумҳурӣ дар бораи мушкилоти андӯхтани захираҳои обӣ сухан гуфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон мо ба камбуди шадиди барқ дучор шудем: айни замон ба аҳолии деҳот шабона интиқоли барқ қатъ мегардад. Энергетикҳои тоҷик соли гузашта масъалаи кам гирифтани обро дар тобистони соли гузашта ба таври бояду шояд ва муфассал шарҳ надоданд.

Аммо маълумот дар сомонаи Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон аз 20 июли соли 2020 ба бисёр чизҳо равшанӣ меандозад. Дар он бобати созиш ҳосил кардан бо Тоҷикистон дар мавриди обгирии иловагӣ аз “Баҳри тоҷик” (обанбори Қайроққум) барои обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ӯзбекистон сухан меравад.

Дар маълумот қайд шуда буд, ки барои обгири иловагӣ аз обанбор ба маблағи 1,5 млрд сӯм (ҳудуди 150 ҳазор доллар) воситаҳои моддӣ-техникӣ ҷудо шуданд, ки пас аз истифода барои миннатпазирӣ бебозгашт ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешаванд.

Яъне Тоҷикистон як қисме аз литити худро ба ҳамсояҳо дод, зеро дар сурати обгирии аз меъёр зиёд созиш каме бо тарзи дигар ҳосил мешуд.

Ба ақидаи мутахассисон, чизеро бо ҳамсояҳо ҳамроҳ дидан амали наҷибу олиҳимматона аст, лекин агар он ба аҳолии худӣ таъсири манфӣ нарасонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.