То 1 январи соли 2021 шумори аҳолии Тоҷикистон 9 млн 504 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, соли 2020 афзоиши табиии аҳолии кишвар 2%-ро ташкил дод, яъне шумори аҳолӣ тақрибан 198 ҳазор нафар зиёд шуд.

Ба ин тариқ, соли гузашта, шумори аҳолии вилояти Хатлон 82,9 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ - 49,5 ҳазор, вилояти Суғд - 49,4 ҳазор, шаҳри Душанбе - 13,3 ҳазор ва ВМКБ - 2,9 ҳазор нафар зиёд шуд.

Шумораи таваллуд соли гузашта дар ҷумҳурӣ қариб 240 ҳазор нафар ва шумораи фавтидагон - ҳудуди 42 ҳазор нафарро ташкил дод.
Манбаъ: Агентии омор

То аввали соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон 3 млн 425 ҳазор, вилояти Суғд - 2 млн 754 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ - 2 млн 215 ҳазор, шаҳри Душанбе - 880 ҳазор ва ВМКБ - 231 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Манбаъ: Агентии омор

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.