Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба Новосибирск сафари корӣ анҷом дода, дар ҷараёни он бо губернатори вилоят Андрей Травников дидору гуфтушунид кард.

Ӯ ба губернатор консули нави генералии Тоҷикистон дар Новосибирск Ятим Давлатхоҷаро муаррифӣ намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск табодули назар карданд.

Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар соҳаҳои иқтисоду саноат, тиҷорату муҳоҷирати корӣ, маориф, инчунин амалисозии лоиҳаҳои фарҳангиву башардӯстона қайд шуд.

Дар ҷараёни сафар ҳамчунин вохӯрии сайфир бо раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот баргузор шуд.

Дар мулоқот ба масоили ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ин вилоят таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Сафир пешниҳод намуд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя, дар Новосибирск ва Тоҷикистон ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ гузаронида шавад.

1/5

Вохӯрӣ бо муҳоҷирон ва донишҷӯён

Дар Новосибирск сафир инчунин бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанон аз ҳавзаҳои федералии Сибир ва Шарқи Дур мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ бо онҳо масъалаҳои иштирок ва саҳмгузориии намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва масоили марбут ба барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо, роҳандозии таълими забони тоҷикӣ барои фарзандони ҳамватанони муқими Русия баррасӣ шуданд.

Дипломат ба намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони муқими Русия барои саҳмашон дар дастгирӣ замони пандемия изҳори миннатдорӣ кард.

Дипломат аз ҶСК “Новосибирский хладокомбинат”, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон машғули коранд, боздид намуд.

“Зимни вохӯрӣ бо раҳбарияти корхона саҳми бузурги муҳоҷирони тоҷики соҳибкасб баҳри рушди корхона, инчунин зарурати бозгашти мутахассисоне, ки айни замон дар Ватан қарор доранду боз шудани сарҳадҳоро интизоранд, қайд гардид”, - зикр мегардад дар маълумоти дафтари матбуоти сафорат.

Сафири Тоҷикистон ба масъалаи татбиқи механизмҳои ҷалби шаҳрвандони кишвар ба кор дар қаламрави Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

Сатторов инчунин аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск боздид намуда, бо ректори он Евгений Рудой, инчунин донишҷӯён аз Тоҷикистон вохӯрд ва ба онҳо дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир маълумот дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.