Бо пешниҳоди  раисони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе тарифҳои ҳаққи хизматрасонии баровардани партови маишӣ дар пойтахт ба андозаи 20% боло бурда шуданд.

Мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат пешниҳоди роҳбарони хадамоти коммуналиро баррасӣ ва бар асоси қарори қабулшуда тарифҳои навшударо ба ин хизматрасонӣ тасдиқ карданд, хабар доданд аз шаҳрдории Душанбе.

Ҳисобу китоб бо тарифҳои нав аз 1 марти соли 2021 оғоз мегардад.

Бо саволҳои пайдошуда доир ба нархномаи амалкунандаи хизматрасониҳо метавон ба мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои ноҳияҳои шаҳр ва шуъбаҳои хоҷагии коммуналӣ дар маҳалли зист муроҷиат намуд.

Тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии баровардани партов дар ноҳияҳо гуногун муқаррар шудааст: ҳамааш аз масофа ба партовгоҳи асосии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста аст ва табиист, ки ин ҷо хароҷоти нақлиёт ба инобат гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки тарифи муқарраршуда барои 1 нафари бо суроғаи мушаххас иқоматдошта пешбинӣ шудааст. Маблағ на аз рӯйи қайд, балки барои ҳар як нафари бо ин суроға иқоматдошта ситонида мешавад, барои ҳама бидуни истисно бо шумули кӯдакони хурдсол.

Инак, пардохти ҳаққи баровардани партов дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тариқи зайл муқаррар шудааст:

Барои сокинони ноҳияи Сино

- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,80 сомонӣ (нархи пештара - 3,20 сомонӣ);

- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 3,10 сомонӣ (нархи пештара - 2,60 сомонӣ);

- барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,30 сомонӣ (нархи пештара - 3,60 сомонӣ);

- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,40 сомонӣ (нархи пештара - 3,70 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ

- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,70 сомонӣ (нархи пештара - 3,10 сомонӣ);

- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 3,00 сомонӣ (нархи пештара - 2,50 сомонӣ);

- барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,10 сомонӣ (нархи пештара - 3,40 сомонӣ);

- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,30 сомонӣ (нархи пештара - 3,60 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур

- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,50 сомонӣ (нархи пештара - 2,90 сомонӣ);

- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 2,90 сомонӣ (нархи пештара - 2,40 сомонӣ);

- барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,00 сомонӣ (нархи пештара - 3,30 сомонӣ);

- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,20 сомонӣ (нархи пештара - 3,50 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

- барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,50 сомонӣ (нархи пештара - 2,90 сомонӣ);

- барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 2,90 сомонӣ (нархи пештара - 2,40 сомонӣ);

- барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,00 сомонӣ (нархи пештара - 3,30 сомонӣ);

- барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,20 сомонӣ (нархи пештара - 3,60 сомонӣ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.