Шурӯъ аз 15 март дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси №55 ба равуо оғоз мекунад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, самти хатсайри нави автобуси №55 аз Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ (бозори “Корвон”) то Боғи “Роҳи Оҳанчиён” (мавзеи фурудгоҳи кӯҳна) муқаррар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, хатсайри нави автобусҳои тамғаи «АКИА ОРИЁ-LE 8» аз кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Неъмат Қарабоев, Ҷанубӣ ва шоҳроҳи Бохтар мегузарад.

Гуфта мешавад, пардохти маблағи роҳкиро дар автобусҳо танҳо тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ амалӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.