Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Самариддин Ализода бо намояндагони Роспотребнадзори Русия баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни вохурӣ  ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологӣ дари Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.


“Сафари намояндагони Роспотребнадзор ҷиҳати иҷрои тавофуқоти зимни ҷаласаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзҳои 8-9 феврали соли 2021 дар шаҳри Москва баргузор гардид,  сурат гирифта, ҳадаф аз сафари онҳо таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон аст”, - омадааст дар хабари Вазорат.


Гуфта мешавад, сафари кории намояндагони  корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Россия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” дар Тоҷикистон то 19 марти соли равон дар назар буда, дар ин муддат онҳо аз як қатор озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид ба амал хоҳанд овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.