Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи ҷумҳурӣ би истинод ба маълумоти обуҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки то 19 март дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳолатҳои фаромадани тармаву сангреза, инчунин дар водӣ ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳодисаҳои селфароӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 20-25м/с, дар баъзе ҳолатҳо шиддатнок - то 25-30м/с пешгӯйӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ.

“Дар ин робита Кумита аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, аз сафар тариқи роҳҳое, ки хавфи тармафароӣ дар онҳо вуҷуд дорад, ҷамъоварии ҳезуму чаронидани чорво ва шикор худдорӣ варзанд, - иброз дошт ӯ. - Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ё дар қитъаҳои тармафаро ронандагонро лозим аст, ки масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя кунанд”.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, охири ҳафта дар ҷумҳурӣ боришот дар назар аст.

Аз ҷумла дар ҷашни Наврӯз - рӯзҳои 20-21 март дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борон, баъзан пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад. Ҳарорат ин рӯзҳо 18-20 дараҷа гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.