Тибқи ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди инфрасохтори дохилӣ ва берунии энергетикӣ (шабакаҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ) ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии Стратегияи миллии рушд то соли 2030, Намояндагии JICA сохтмон ва барқарорсозии ду зеристгоҳи воқеъ дар шаҳри Душанберо дастгирӣ намуд, ки мустақиман ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии соҳаи энергетика саҳмгузор мебошанд.

17 марти соли 2021 дар раванди маросими ифтитоҳи зеристгоҳи барқии “Саноат”, ки дар доираи кумаки грантии JICA «Лоиҳаи азнавсозии зеристгоҳҳои барқии Душанбе» аз нав барқарор шудааст,  ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқӣ” супорида шуд.

Дар маросим мазкур раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита, роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикистон Мунео Такасака ва дигарон иштирок карданд. Ин маросим бомуваффақият гузашт, гарчанде ки бо сабаби пандемияи Ковид-19 чанд муддат мавқуф гузошта шуда буд.

Сурат: шаҳрдории Душанбе

Аз оғози амалисозии лоиҳа дар соли 2018 дар ноҳияи И.Сомонии ш.Душанбе, як зеристгоҳи нави "Пойтахт" (нуқтаи истинод: "Амфитеатр", 110 / 10кВ) сохта шуд ва зеристгоҳи дуввум "Саноат" дар минтақаи Сино (нуқтаи истинод: Бозори Фаровон, 110 / 10кВ) пуриқтидор гардид. Созишномаи грантӣ барои ин лоиҳа 30 июни соли 2017 байни Тоҷикистон ва Намояндагии JICA ба маблағи 2,190 миллиард иенаи ҷопонӣ (тақрибан 20 миллион доллари ИМА) ба имзо расид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқӣ" ва ширкати ҷопонии Nishizawa Ltd. таҳти роҳбарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ амалӣ шудааст.

Сохтмони зеристгоҳҳои тақсимотӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта мушкилоти эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро, ба монанди қатъшавӣ дар натиҷаи изофабори таҷҳизоти зеристгоҳ ва қатъ шудани ногаҳонии барқ аз сабаби корношоямии таҷҳизоти кӯҳна, бартараф мекунад.

Ҳангоми сухани ифтитоҳӣ дар ин маросим раиси шахри Душанбе Рустами Эмомалӣ саҳми ҳукумати Ҷопон ва JICA-ро дар рушди инфрасохтори энергетикии шаҳри Душанбе мухим хисобид. Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аҳамияти зеристгоҳҳоро барои коҳиш додани талафоти тақсимоти нерӯи барқ дар шаҳр таъкид кард. Вазири энергетика ва захирахои оби ҶТ Ҷумъа Далер инчунин ба Сафорати Ҷопон ва JICA барои ҳамкорӣ ташаккур гуфт ва таъкид кард, ки ҳарду зеристгоҳҳо дақиқ истифода ва нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Сурат: шаҳрдории Душанбе

Такаюки Мияшита, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон зикр кард, ки бунёди зеристгоҳҳои нав барои устувории таъминоти барқ ба аҳолии шаҳр, хусусан дар минтақаҳое, ки талаботи зиёд ба нерӯи барқ доранд, муҳим аст.

Роҳбари Намояндагии JICA дар Тоҷикисто Мунео Такасака изҳор намуд, ки лоиҳа барои JICA дар бахши энергетикии Тоҷикистон аввалин аст ва JICA умедвор аст, ки дастгирии рушди бахши энергетикаи ҷумҳуриро дар ҳамкории зич бо ҳукумати Ҷопон идома хоҳад дод.