Uzbekistan Airways шумори хатсайрҳои мунтазами ҳавоиро аз Тошканд ба Душанбе зиёд мекунад, хабар дода мешавад дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ.

Гуфта мешавад, шурӯъ аз 3 апрел парвоз бо ин хатсайр ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешавад.

Арзиши билет бо хатсайри Тошканд-Душанбе аз 1,629 млн сӯм (155 доллар) дар ҷойи дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс) ва 2,256 млн сӯм (215 доллар) дар ҷойи тиҷоратӣ (бизнес-класс) сар мешавад.

Арзиши билет бо хатсайри Душанбе-Тошканд аз 1,622 млн сӯм (154 доллар) дар ҷойи дараҷаи иқтисодӣ (эконом-класс) ва 3,039 млн сӯм (290 доллар) дар ҷойи тиҷоратӣ (бизнес-класс) оғоз мегардад.

Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд аз 16 марти соли 2020 қатъ гардида, дар робита ба беҳбуди вазъи марбут ба сирояти коронавирус дар ҳар ду кишвар, моҳи январи соли равон барқарор карда шуданд. Парвозҳоро ширкатҳои “Сомон Эйр” ва «Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари» иҷро мекунанд.

То моҳи апрел ҳар кадоме аз ширкатҳо ҳафтае як маротиба бо як хатсайр парвоз анҷом медиҳад: рӯзҳои чоршанбе - Uzbekistan Airways (Ӯзбекистон Ҳаво Йуллари) ва рӯзҳои ҷумъа - ширкати “Сомон Эйр”.

Мусофирони хатсайрҳои Душанбе-Тошканд бояд бо худ маълумотнома (справка) дар бораи сироят надоштан аз коронавирус (бо методи ПЦР)-ро, ки тайи 72 соати охир дода шудааст, дошта бошанд.

Киҳо тариқи роҳи заминӣ равуо карда метавонанд?

Қобили зикр аст, ки аз 1 октябри соли гузашта Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Душанбе ва Тошканд ба шахсоне, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя хешовандони наздикашон бемори вазнин шудаанд ё вафот кардаанд, иҷозаи убури сарҳадро медиҳанд.

Ин шахсон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ ва барқия дар бораи беморӣ ё фавти хешовандонашонро дошта бошанд.

Ғайр аз ин, дигар шаҳрвандон низ тариқи роҳи заминӣ равуо карда метавонанд: шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд; шаҳрвандоне, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд ва шаҳрвандоне, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Дар инфографикаи зер парвозҳои айни замон аз Душанбе иҷромешуда ба ҳама самтҳо зикр шудааст


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.