Убайдулло Раҷаб, ҳунармандест, ки ҳам дар синамо, ҳам дар театр, ҳам дар ҳаҷву танз ба гунаи мунҳасир ба фард дурахшидааст. Имрӯз 80-сола шуд. Дар 80-солагӣ гилаву шикояте аз рӯшанфикрон, мансабдорон, масъулони фарҳанг ва хусусан расонаҳо доранд. Ин ҳақро доранд, зеро ҳунармандест, ки мардуми Тоҷикистон дар ду низоми сиёсӣ: шӯравию ҳозир аз ӯ хотираи хуш доранд. Нақшҳои мондагоре дар театру синамои тоҷик бозидааст, ки аз намунаи олии ҳунари тоҷиканд. Дар 80-солагӣ бо ин ҳунарманди барои ҳамеша ҳунарманд як суҳбати худмонӣ доштем. Оҳанги гуфтории суҳбат (суҳбати телефонӣ) ҳифз шудааст.

- Дар ин шабу рӯзе,ки 80-сола мешавед ба чӣ корҳо машғулед?

Убайдулло Раҷаб: Ба чӣ машғул мешавам, ба зиндагӣ, ба кор, ба баҳор. Саргарми табрикоти дӯстон, суханҳои бисёр гарму нарм, муваффақиятҳои  ҷомеа, пешравии Ватан, бо ҳама камбудиҳое, ки дорем, ҳастам. Ин як чизи табиӣ аст, бе камбудӣ намешавад. Ҳар қадар, ки мо пеш мерем, ҳамон қадар камбудиҳо зиёдтар мешавад. Бо ҳамин чизҳо зиндаем ҳанӯз.

- Устод, манзурам дар бахши ҳунар, эҷод, криштае, ки шумо чеҳраи барҷастааш ҳастед?

Убайдулло Раҷаб: Дар ин бахшҳо, рӯзҳои наздик моҳи апрел ё май як китобе дар бораи банда, ки аз навиштаҳои дӯстон гирд омадааст, нашр мешавад. Ба ҳамин бандам, ба омодагии нашру таҳриру банду басташ. Хуб, агар ягон ҷо даъват кунанд меравем, вагарна дар хона.

Акс аз бойгонии ҳунарманд

- Инсон аз минбари баланди 80-солагӣ, хусусан ҳунарманде  мисле шумо, ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе дорад?

Убайдулло Раҷаб: Ман аз он чи дар зиндагӣ кардам ва аз умри гузашта пушаймон нестам.

Ҳар чи дилам мехост ҳамунро болои саҳна овардам, ба мардумам якҷо будам. Ҳар чи мардум мегуфт гӯш мекардем. Фикрҳои  хубе, ки барои пешрафти ҷоме буд қабул доштем, он чи қобили қабули мо набуд дар саҳнаҳо гуфтем. Ва сахт ҳам гуфтем, мардум ҳам хандиданд ва ҳам гиристанд. Гиристан ба ин маъно, ки зиқ шуданд. Вале ҳар чӣ гуфтем қабул карданд. Ин ҳама барои ман бахти бузург аст.

Ман хеле шодам, аз зиндагиям, аз рӯзгорам, аз касби интихобкардаам, пушаймон нестам.

- Фикр мекунед, он чизеро ки мардум, ҷомеа аз як ҳунарманди бузурге чун Убайдулло Раҷаб мунтазир буд, ҳамин ташнагии мардумро шикастед ё не? Ё зарфиятҳои дигаре ҳам доштед, ки нашуд ошкор кунед?

Убайдулло Раҷаб: Ташнагӣ, яъне завқу талаботи мардумро дар назар доред?

- Бале

Убайдулло Раҷаб:  Ман ниятҳои хеле зиёде доштам, вале мутаассфиоан ҳамаи онҳоро натавонистам  ба анҷом расонам. Хеле идеяҳои фикр мекунам зебое буданд. Ман театр сохтам, дар солҳои задухӯрдҳои сатхти ҷанги шаҳрвандӣ. Бо вуҷуди  ин ҳама, ман театрро сохтам. Вале баъдтар баъзе шахсҳое пайдо шуданд барои барҳам задани ин театр.

Ин театр, шояд натавонист хидмати мардумро бикунад. Натавонист ба он маъно, ки театр бисёр кори мушкил аст, организми зинда аст, талаботи худро дорад. Масъалаҳои иқтисодӣ, массалаҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Ин театр тамоман як руҳияи дигар дошт, роҳу равишаш дигар буд. Албатта, мо бисёр чизҳо мехостем, вале қариб, ки ҳимоят нашудем. На аз сӯйи Вазорати фарҳанг, на аз тарафи дигар сохторҳои ҳукуматӣ. Мо ягон гармиву дилгармиро эҳсос накардем.

Вале ба ҳар ҳол, ҳозир ҳам ҳамон сарсупурдаҳое, ки мехостанд худашонро муаррифӣ кунанд, ҳастанд. Мо то як андоза тавонистем.

Акс аз бойгонии ҳунарманд

Ин ягона театре дар Осиёи Марказӣ буд. Барҳам додани театр, чун ҳамин гуна ниятҳо ҳам пайдо шуда буд, роҳи моро мушкил кард.

Худашон одамони фарҳангӣ буданд,  гуфтанд, ки биёйед ин театрро барҳам медиҳем ва ба ҷойи ин ягон  театри рақсу бозӣ месозем. Ин барои ман хандаовар буд. Агар завқи онҳо то ҳамин дараҷа паст бошад, ман дигар аз кӣ мунтазир бошам, ки маро пушгтибонӣ мекунад.  Инҳо ҳамон диктаторҳои касбу кори мо буданд. Мегуфтанд, мо илми олӣ дорем, хонадем, дубору се бор. Яъне инҳо моро муаррифӣ мекунанд. Дар маҷлису нишастҳое, ки ҳаст мо суҳбат карда наметавонем, инҳо моро муаррифӣ мекунад. Қассоби мо ҳаминҳо ҳастанд. Ин бадбахтона  дар ҷомеаи мо буду ҳасту мемонад.

Театр он нест, ки ду се мансабдоре, ки аз ин соҳа дуранд ҳамунҳо баҳо диҳанд. Мутаассифона дар  давлатдории мо ҳамонҳое театрро баҳо медиҳанд, ки аз ин касб фарсахҳо дуранд.

Аммо мо ҳама вақт дар болои саҳна будем ва фикрҳомона барои инҳо гуфтем, ки Зебуниссо Рустамоваро аз Зебуниссои шоир фарқ карда наметавонанд. Вале инро ба кӣ мегӯйӣ? Ба санг!?

Инҳоро ҳам танқид кардему ба мардум ҳам ҳушдор додем, ки бубинед, ки дар паҳлӯи мо бо ҳама галстуку куртаҳои сап-сафеду шимҳои сип-сиёҳу туфлиҳои ялақосӣ, ҷомеаро тарзе, ки худашон мехоҳанд, дар назар дорам одамони бахши ҳунарро, ҳамон шакл идора мекунанд.  Бо ин ҷомеаро пеш бурда намешавад, ақлҳоро тоза кардан даркор, ақлҳои зангзадаро. 

Бо профессор Иброҳим Усмонов
Акс аз бойгонии ҳунарманд

Дар мо касбият дур шуда истодааст. Талаботи мардум ҳам. Зеро мо он чизеро, ки мардум мехоҳад болои саҳна овардан наметавонем. Мардум ташнаи ин соҳаанд, мехоҳанд як чизи наве бошад, ки ҳамаро шиканад. Чӣ намегузорад, кадом одаме ҷуръат пайдо мекунаду мерасонад инро?! Ба роҳбарият ҳам расонидан даркор. Кӣ тавонист?

Гумон мекунед, ки “Азия-Плюс” тавонист? Не, натавонист. Ин гапро шумо гуфта метавонед? Шумо ҳам ними рӯзномаро дар бораи рекламаҳое менависед, ки бароятон манфиат меоварад. Ҳафтавори шумо хонандаҳои зиёде дорад, аммо гуфта наметавонед. Кани ҳамон шахсе, рӯзноманигоре, ки чизе нависаду ҳамаро ба ҷунбиш биоварад, ки ин як дору шавад, як малҳам шавад.

- Устоди азиз, фикр мекунед мо ин шабу рӯз дар муҳите ҳастем, ки рӯшанфикрон: ҳунармандон, рӯзноманигорон ё донишмандон  битавонанд ҳамон фикру назареро, ки барои пешрафти ҷомеа зарур аст, ҳамонро баён кунанд? Ҳамин гуна муҳит муҳайё ҳаст?

Убайдулло Раҷаб: Муҳайё ҳаст.

- Аз нигоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, аз нигоҳи ...?

Убайдулло Раҷаб: Ман шуморо фаҳмидам, ҳоло мефаҳмонам. “Азия-Плюс” дар вақташ барои ин пайдо нашуда буд. Ҷасорат даркор буд. Бо ҳамин ҷасорат сохта шуд, ҳама мегуфтанд, ки ана шуд, ана як чизи ҷиддӣ шуд. Вале оҳиста-оҳиста ин аланга хомӯш шуд.

Мешавад, агар дар ҳақиқат ватанхоҳ бошад.  Ватанхоҳе, ки шифогар бошад. Ин барои ҷомеаи мо даркор аст.  Дар мо чӣ пеш рафта истодааст? Театрҳо? Куҷо шуд ҳунари рассомӣ? Дар куҷо равем кори рассомонро тамошо кунем? Дорем? Чӣ кор мекунад Вазорати фарҳанг? Барои чӣ ин чизҳоро намебинем? Мо санъаткорони бузурге дар соҳаи рассомӣ дорем, вале нест ку ягон чиз. Ку асарҳои симфонӣ? Ду оркестри симфонӣ дорем, дар куҷо аст оҳангсозҳову асарҳои нав, ки бозӣ кунанду мо бибинем?  Чаро дар майдонҳо, дар пеши Театри Опера ва балет, дар майдони бузургтарини кишвар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ чизе нест, ки рафта бишинему кори оҳангсозони имрӯзаро бибинем?  Чӣ пеши роҳро мегирад?  Ин магар ҳунари касбӣ нест?

Акс аз бойгонии ҳунарманд

Хайр, мо бо ду се ҳунарманди “аз куҷо омадӣ, меравӣ поён, ана оамдем ана рафтем”, ки на маъно дораду на мазмун, завқи мардумро  паст кардем. Имрӯз телевизиону радио пур аз ҳамин сурудҳои фачу бемаза аст.

- Дуруст, Бадбахтона дардҳои иҷтимоии мо зиёданд. Оё дар арафаи 80-солагӣ ягон ҷашне дар назар аст?

Убайдулло Раҷаб:  Чӣ масалан?

- Манзурам ҷашне дар сатҳи давлатӣ, вазорати фарҳанг ё сатҳҳои дигар.

Убайдулло Раҷаб: Ягон  кас ягон гап нагуфтааст ва шуданаш ҳам дар гумон. Барои ман ин чиз даркор ҳам нест.  Ман бо ҳамон дӯстону муҳаббати мардумам зиндагӣ дорам ва аз он хеле роҳатам.

- Шумо нақшҳои мондагоре  дар  синамову дар саҳнаҳои ҳаҷву танзу театр бозидаед, ки мардум аз онҳ хотираи хуш дорад. Ташаккури зиёд, мо умедворем, ки солҳои зиёд аз вуҷуди мубораки шумо дар Тоҷикистон истифода кунем.

Бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз сафарҳои хориҷӣ
Акс аз бойгонии ҳунарманд

Убайдулло Раҷаб: Шод бошед, ташаккур!