Мавсими гармидиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи апрел ба итмом мерасад, лекин санаи дақиқи он ба шароити обуҳаво вобаста аст. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аввали моҳи апрел обуҳаво дар пойтахт каме сардтар меояд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрдории Душанбе дар ин хусус ҳоло қарори дахлдор қабул накардааст. Аз ин рӯ, Корхонаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва 2 Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳр бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд.

“Ба мисли солҳои пешин қатъи гармидиҳӣ давра ба давра ва мутобиқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти пойтахт сурат мегирад”, - таъкид дошт манбаъ.

Мавсими гаримдиҳӣ дар Душанбе маъмулан то охири моҳи март давом мекунад. Тирамоҳи соли гузашта бар асари барвақт омадани сардиҳо гармидиҳӣ ба иншоот аз давраи маъмулӣ пештар - аввали даҳаи охири моҳи октябр оғоз гардида буд.

Ёдрас мекунем, ки гармӣ ба иншооти пойтахт аз ду Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол меёбад. Зиёда аз 2 ҳазор биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот бо гармӣ таъмин карда мешаванд.

Арзиши гармидиҳӣ ба аҳолӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти ААИ 1,18 сомонӣ, ба ташкилотҳои буҷетӣ - 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ ( бе назардошти ААИ), ба дигар истеъмолгарон - 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.