Дар Тоҷикистон бемории фалаҷи кӯдакон ё полиомелит аз куҷо пайдо шудааст? Он барои кӣ хатарнок аст ва оё вақти он расидааст, ки мо ҳолати фавқулода эълом кунем?

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ якчанд ҳолати фалаҷи атфолро дар Тоҷикистон ошкор кард. То 18 март чор ҳолати фалаҷ шудани кӯдаконе, ки гирифтори полиовируси воксинаи гардиши навъи 2 мебошанд, сабти ном шудааст. Тоҷикистон як кишвари бидуни полиомелит аст ва ин хабар, сокинони кишварро нигарон кардааст.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба суоли аз куҷо ба Тоҷикистон ворид шудани бемории мазкур ва суолҳои дигари хонандагони «Азия-Плюс» посух дод.

- Фалаҷи кӯдакон дар Тоҷикистон аз куҷо пайдо мешавад?

- Вирус аз Афғонистон ба мо омадааст, аммо зот (штамм)-и покистонӣ аст. Тоҷикистон бо Афғонистон ва ин кишвар бо Покистон ҳаммарз аст. Дар ин ду кишвар, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) вуҷуди навъҳои марбут ба полиовируси воксинаи ҳосилшудаи навъи 2 (cVDPV2)-ро тасдиқ кардааст. Ва бемории мазкур табиист, ки ба воситаи мардум аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол мешавад.

Дар кишвари мо, сарфи назар аз он, ки соли гузашта вуруди шаҳрвандони кишварҳои хориҷ ба далели хуруҷи бемории коронвирус маҳдуд шуда буд, аммо ҳамлу нақли бору коло идома дошт. Ва ҳамин тавр вирус ба Тоҷикистон расид. Аммо ман мехоҳам қайд кунам, ки ин полиовируси ваҳшӣ нест (дикий полиовирус), балки марбут ба воксина аст.

- Умуман ин беморӣ чӣ гуна мегузарад?

- Вируси полиомиелит ба организм шифоҳӣ, аксар вақт тавассути ашёи ифлос ворид мешавад.

- Полиовируси воксинаи ҳосилшудаи навъи 2 аз полиомиелитҳои муқаррарӣ чӣ фарқ дорад?

- Ҳар сол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо миқдори муайяни фалаҷи шадид ба қайд гирифта мешавад. Дар ҳама ҳолат мо аз кӯдак намунаи калиро гирифта (2 таҳлил дар давоми 24 соат) ва ба лабораторияи истинодии СҶТ, ки дар шаҳри Маскав аст, мефиристем. Ва дар он ҷо ташхис гузаронида мешавад.

Аз ҷиҳати клиникӣ, воксинаи ҳосилшудаи навъи 2 аз полиомиелитҳои муқаррарӣ аз ҳам фарқ намекунанд, онҳо нишонаҳо ва давраи гузаришӣ якхела доранд, аммо сабаби он вирусҳои полиомиелит  ё вирусҳои дигар, ки ба системаи асаб таъсир мерасонанд, буда метавонанд.

Дар Тоҷикистон полиовируси ваҳшӣ вуҷуд надорад, аммо он дар Афғонистон ва Покистон дида мешавад.

- Чанд кӯдак дар Тоҷикистон гирифтори полиомиелит мебошанд ?

- Танҳо 4 ҳолат тасдиқ шудааст.

Наврӯз Ҷаъфаров
Asia-Plus

Кӯдакон эм карда нашуданд

- Шумо аллакай медонед, ки кадом кӯдакон сироят ёфтаанд? Оё ин кӯдакон қаблан эм карда шуда буданд? (агар ҳа, чӣ воксинаҳо?)

Ин маҳз ҳамон чизест, ки ман мехоҳам қайд кунам - волидони мо ба он аҳамият намедиҳанд, онҳо аз эмгузаронӣ даст мекашанд. Дар байни ин беморон кӯдаконе буданд, ки ҳам комилан эм нашудаанд ва эмро то охир нагирифтаанд. Ҳоло ин масъала на ба Вазорати тандурустӣ, балки ба волидайн рабт дорад ва аз онҳо бояд бипурсид. Муттассифона дар Тоҷикистон як категорияи волидон мавҷуданд, ки аз эмгузаронии фарзандони худ саркашӣ мекунанд. Ва кӯдакон мувофиқан дар зери хатари беморӣ қарор доранд.

Мо ба тамоми аҳолӣ ва волидон муроҷиат мекунем, ки ба воксина диққат диҳанд. Вақте ки кӯдак дар муассисаи тиббӣ таваллуд мешавад, ба модари кӯдак шиносномаи эмкунӣ дода мешавад, ки дар он давраҳои эмгузаронӣ тасвир шудааст. Онҳо бояд бечунучаро риоя карда шаванд.

Аз замони хуруҷи полиомиелит дар соли 2010 таҳқиқот гузаронида шуданд. Баъд пурсиши волидон нишон дод, ки тақрибан 5 фоизи онҳо аз эмгузаронӣ даст мекашанд. Ҳоло мешавад хулоса барорем, дар тӯли 5 сол аз ҳисоби ин фоизе, ки рад мекунанд мо бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавем? Дар соли аввал - 5 фоиз, дар соли дуюм - 10 фоиз ва ғ. Мо барои вирус  обанбор сохта истодаем. Ва ҳатто агар шахс бемор набошад, ӯ метавонад интиқолдиҳанда бошад ё метавонад бемориро  паҳн кунад.

- Аммо, боз ҳам чи гуна ин вирус дар кишвар паҳн гардид? Шояд мушкил сари сифати воксинае, ки истифода шуд ё шароити нигоҳдории он аст. Яъне кӯдакон эм карда шуданд, аммо дар сурати нодуруст нигоҳ доштани воксина, он хусусиятҳояшро гум кард ва таъсир накард?

- Не, гап дар бораи сифат ё шароити нигоҳдорӣ намеравад. Ин беморӣ воридотӣ мебошад. Таҳлилҳое, ки ба Русия, дурусттараш ба озмоишгоҳи СҶТ ба Маскав фиристода шуданд тасдиқ карданд, ки ин зоти покистони аст, он мо нест.

Тоҷикистон рӯзҳои иловагии эмгузаронӣ мегузаронад


- Оё ин кӯдакони бемор дигар атфолро сироят кардаанд?

- Не, ин кӯдакон ба касе сироят накардаанд. Ин вирус дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд. Ва дар айни замон, Вазорати тандурустӣ гурӯҳи кӯдаконеро, ки бо кӯдакони бемор тамос доштанд, муайян кард. Пас аз он, ҳамаи онҳо эм карда шуданд - дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 ҳазор кӯдак. Яъне, ҳар касе, ки бо кӯдакони бемор тамос, робита дошт, эм карда шуданд. Инчунин кӯдакони то 4-сола дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ки беморӣ сабт шудааст, эм шудан.

Ғайр аз он, мо рӯзҳои иловагии эмкуниро дар байни кӯдакони то 5-сола гузаронидем - зиёда аз 500 ҳазор кӯдакон дар саросари ҷумҳурӣ эм карда шуданд ва ин маърака низ бомуваффақият гузашт.

- Барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ дар кишвар чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар назар аст, ки рӯзҳои фавқулоддаи эмкунӣ бо воксинаи  катрагӣ  таҳия карда мешавад. Корҳои омодагӣ барои ин маърака идома доранд. Ва дар моҳи май мо бояд ду давраи эмгузаронии кӯдакони аз сифр то 59-моҳаро гузаронем, ки ин то 6 солро дар бар мегирад. Ва дар нақша аст, ки як миллион кӯдак бо воксин фаро гирифта шавад.

Инчунин илова бар рӯзҳои иловагии эмкунӣ, ҷустуҷӯи фаъол барои пайдо намудани беморони шубҳанок тавассути пурзӯр намудани рафтани духутурон хонаводаҳо идома дорад.

Ҳоло кӯдаконе, ки эм карда нашудаанд, хавфи сироятёбӣ доранд.

- Кӯдакон дар куҷо эм карда метавонанд?

- Волидон метавонанд фарзандони худро дар ҳар нуқтаи тиббӣ дар сатҳи маркази саломатӣ эм гузаронанд.

Ҳолати фавқулода нахоҳад буд. Ҳоло ниёз ба он нест!


- Эмгузаронӣ ройгон аст?

- Албатта, ройгон.

- Ин воксин дар чандсолагӣ гузаронида мешавад?

- Воксинаи мазкур аз лаҳзаи таваллуди атфол дар беморхона ба таври қатрагӣ гузаронида мешавад ва баъдан дар моҳҳои муайян ва аз як то панҷсолагӣ идома ҳохад ёфт.

- Коршиносон мегӯянд, ки агар як кӯдак бидуни воксина монад, ба саломатии дигарон хатар вуҷуд дорад. Соли гузашта чанд фоизи кӯдакон эм карда шуданд?

- Зиёда аз 96% кӯдакон эм карда шуданд. Ҳоло кӯдаконе, ки дар солҳои 2016 ва 2017 таваллуд шудаанд ва эм нагирифтаанд, гирифтори полиомиелит мебошанд. Ин кӯдаконе нестанд, ки соли гузашта ва соли равон таваллуд шудаанд.

- Оё ин навъи фалаҷи атфол барои калонсолон хатарнок аст?

- Не.

- СҶТ маълумотро дар бораи ҳолатҳои ошкоршудаи сатҳи дуюм (ЦПВВП2) дар Тоҷикистон баррасӣ кард ва ин хуруҷро ҳамчун дараҷаи фавқулодда 2 тасниф кард. Ин сатҳи дуюм чӣ маъно дорад?

- Ҳар як ҳолати полиомиелит, новобаста аз он ки бо воксина алоқаманд аст ё не, ба ҳолати фавқулодда дохил мешавад. Аммо ӯ он қадар даҳшатнок нест ва ӯ назоратшаванда аст.


- Оё Тоҷикистон омода аст, ки ҳолати фавқулодаро ҷорӣ кунад?

- Ҳоло ниёз нест. Вазорати тандурустӣ тамоми чораҳои заруриро андешидааст ва ҳоло, тавре ки дар боло таъкид кардам, мо ба чорабиниҳои навбатӣ омодагӣ мебинем.

Тавре гуфтам,  ин вируси ваҳшӣ нест, балки вируси марбут аст ва мо медонем, ки чӣ гуна ҷустуҷӯи фаъолонаи беморон гузаронида шавад ва тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.