Имрӯз садҳо нафар дар назди хазинаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе ҷамъ омаданд, то билети парвозҳои мустақим ба Русияро дарёфт кунанд. Онҳо мегӯянд, дар Фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши чипта ба самти Русия бо хатсайрҳои доимӣ аллакай шурӯъ шуда, дар хазинаҳои минтақаи мавсум ба "Зелёний", ки ба ҶСК “Агентии алоқаи ҳавоӣ” марбутанд, фурӯхта мешаванд.

Усмон Муҳаммадиев, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русия буд, ба Тоҷикистон омаду инак 7 моҳ мешавад аз сабаби баста будани  роҳҳо наметавонад барои идомаи таҳсилаш баргардад. Вай афзуд, ки ӯро чанд маротиба аз раёсати донишгоҳ огаҳ карданд то биёяд, дар акси ҳол аз сафи донишҷӯён хориҷ хоҳад шуд.  

Дар натиҷаи соатҳо навбатпойӣ, ҳеҷ яке аз шаҳрвандон соҳиби чипта нашуд. Вале намояндагони идора рӯйхати хоҳишмандонро тартиб доданд. Масъулини хазинаи чиптафурӯшӣ аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Ба Қурбоналӣ Зокиров  дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, ба чиптафурӯшии назди бозори “Зелёний“ биравад, чун онҷо аллакай фурӯши чиптаҳо бо нархи 3- 3,5 ҳазор сомонӣ шурӯъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия аз 2 апрел шурӯъ мешавад. Аммо то ҳол маълум нест, ки аз куҷо мардум метавонад чипта дастрас кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.