Вазорати таҳсилоти Русия низоми арзёбии талаботи кӯдакони муҳоҷирон ба таҳсилро таҳия мекунад, гуфтааст вазири таҳсилоти ин кишвар Сергей Кравтсов, менависад Парламентская газета.

Ӯ изҳор доштааст, ки низом сатҳи донистани забони русии кӯдак ва мушкили имконпазир зимни азхудкунии барномаи таълими умумиро ошкор намуда, минбаъд ба ташаккули ҳудуди зарурии таълим барои ӯ, инчунин барномаи мувофиқати равонӣ-омӯзгорӣ имкон медиҳад.

Вазир хабар додааст, ки оғози амалисозии низом ба таври озмоишӣ аввали соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Кравтсов, дар ин робита дар вазорат инчунин барои омӯзгорон давраҳои омӯзишӣ, барои роҳбарони синф маводи методӣ таҳия шудааст, то ки онҳо малакаи кор бо чунин кӯдаконро дошта бошанд.

Кравтсов зикр кардааст, ки чунин кор хеле муҳим аст, зеро тариқи мутобиқшавии кӯдакон мутобиқшавии волидон беҳтар сурат мегирад.

Қаблан вазир изҳор дошта буд, ки аз лиҳози сифати таҳсилоти ибтидоӣ Русия аввалин дар ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти Вазорати таҳсилот, ҳар як сеюм мактаб дар кишвар барои беҳтар намудани ҷараёни таълим, бахусус дар синфҳои 8-9 имконоти зиёд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.