Имрӯз, якуми апрел, дар як вазъияти тантанавӣ хабаргузории давлатии “Ховар”, ки дафтари кори хабаргузории мустақили “Азия-Плюс”-ро 29 ноябри соли 2020 гирифта буд, онро дубора бозпас гардонид. "Азия+" ин офисро, ки дар собиқ ҷойи ҳамом буд, дар солҳои гуногун бо 25 ҳазор доллари амрикоӣ таъмиру навсозӣ карда буд. 

Директори АМИТ “Ховар” Сайдалӣ Сиддиқ зимни бозпас додани дафтари пештараи кори “Азия-Плюс” дар ҳузури кормандон, гуфт, ки ин тасмимро ба хотири фаъол шудани расонаҳои миллӣ дар ҷангҳои иттилоотии рӯзҳои ахир гирифтаанд.

Маросими бозпасгардонии дафтари кори “Азия-Плюс” имрӯз бо ҳузури намояндаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ҳар ду палатаҳои порлумон, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Бахтиёри Ҳамдам, раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, сардабирони расонаҳои давлативу хусусӣ ва бархе сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон сурат гирифт.

Сайдалӣ Сиддиқ ҳамчунин дар ин маросим гуфт, ки “воқеаҳои ахир воқеан нишон медиҳад, ки “АП” яке аз сипарҳои муҳками иттилоотии Тоҷикистон аст ва аз ҳамин сабаб аз сари инсоф нест, ки  дафтари кори  "Азия+"-ро бар нагардонем".

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар чанд соли ахир пайи ҳам мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии озодии баён пойин рафтааст. Ин дар ҳолест, ки Президенти муҳтарами кишвар дар суханронияшон дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик, соли 2012 бо ифтихор гуфта буданд, ки мо дар радабандии озодии баён аз хеле кишварҳои минтақа пештозтарем.

Шароити кори тими "Азия+" баъди аз офиси пешина ронда шудан
«Новый репортёр»

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон гуфт, ки бозпасгардонии дафтари “АП” дар ин шароит на танҳо мақоми Тоҷикистонро дар радабандиҳои озодии баён боло мебарад, балки ба обрӯйи мусбати байналмилалии кишвар ҳам бетаъсир нахоҳад буд. 

“Мо, воқеан дар ин гуна масоил се-чор сол аст, ки каме ғафлат кардем. Аз ин ба баъд талош мекунам дар масоили расонаҳо нақши худро ҳамчун созмони касбӣ содиқонатар иҷро кунем ва нагузорем чунин корҳо боиси коҳиши нуфузи иттилоотии кишвар дар сатҳи минтақа шаванд”,- таъкид кард Исмоилзода.

Бархе сардабирони нашрияҳои мустақил, ба далели ин ки дар замони сар задани ин қазия бетарафиро ихтиёр карда буданд, аз ширкат дар ин маросим худдорӣ карданд. Аммо яке аз онҳо дар номаи вижааш ба суроғаи лозим гуфтааст, ки ин иқдоми “Ховар” на танҳо ҷавонмардист, балки намунаи хуби муколама ва ҳамгироии расонаҳои мустақилу ҳукуматӣ ба хотири пушибонӣ аз арзишҳои милист.

Сафирони кишварҳои хориҷии ҳозир дар маросим гуфтанд, ки онҳо дар воқеъ аз ин амалкарди демкоратӣ дар ҳайрат уфтодаанд, ва роҳи расидани Тоҷикистон ба як ҷомеаи демкоратӣ хеле наздик аст.

Умед Бобохонов, мудири кулли Гуруҳи расонаҳои “Азия+” дар поёни маросим калиди дафтари қаблии худро бо хушнудӣ пазируфта, изҳор кард, ки ин амалкард як иқдоми рамзӣ ҳам ҳаст.

“Дӯстони азиз, меҳмонон, хусусан ҳамкорони гиромӣ аз “Ховар”, имрӯз аз таъсиси “Азия+” 25 сол пур шуд. Агар шумо ин сюрпризро огоҳона карда бошед, хеле кори дуруст кардед. Мо, мисли пештара барои таъмини шаҳрвандон ба ахбори босифату боэътимоди худ содиқ мемонем ва дар ҳифзи фазои иттилоотии кишвар мисли пештара амал мекунем”.

Дар поён маросим бо имзои як эъломияи касбӣ ва як муроҷиат ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба поён расид.

Дар ин эъломия дар баробари ишора ба бузургтарин мушкилоту чолишҳои фазои расонаии Тоҷикистон, гуфта мешавад, ки минбаъд идораи расонаҳо ба хотири рияои назокатҳои ахлоқӣ ба дафтарҳои кории якдигар чашм аъло намекунанд.

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи ханда ҷашн гирифта мешавад - мо ҳам истисно нестем).