Сафармоҳ  Ғаюрова -  ғаюрзане, ки шонздаҳ соли умрашро дар сафар сипарӣ кардааст. Ин ронандазани таксӣ  сенздаҳ сол аст, ки дар  масири Ваҳдат - Душанбе,  кор карда, зиндагии худ ва фарзандонашро аз даромади таксронӣ мечархонад. Боло рафтани қиммати сӯзишворӣ кори Сафармоҳро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Ӯ мегӯяд ҳам даромадашон камтар шудаасту ҳам муштариён норозӣ шудаанд.

Рӯзи кории апаи Сафармоҳ шаши субҳ шурӯъ шуда, шаши бегоҳ ба анҷом мерасад. Дар ин шуғли пур аз хатар ва мушкил апаи Сафармоҳ  хастагиро ҳис намекунад, зеро ронандагиро меписандаду  ба ин кор одат кардааст.  Чӣ апаи Сафармоҳро  ба мусофиркашонӣ  маҷбур кард?

Аз тиҷорат то ба мусофиркашонӣ

 Пас аз хатми мактаби миёна, ки дар кишвар ҷанги шаҳрванди ҷараён дошт Сафармоҳ Ғаюрова натавонист таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳаду, ӯро ба шавҳар доданд.  Чун шавҳараш  даҳ бародару хоҳар дошту оилаашон калон буд, ин оилаи ҷавонро хусуру хушдоман ба хонаи кироӣ гуселонд.  Апаи Сафармоҳ барои пешбурди зиндагӣ, дар солҳои ҳасоси кишвар ру ба тиҷорат овард, бо даромади тиҷорат ва кумаки шавҳар тавонистанд соҳиби хонаи худ гарданд.  Ӯ мегуяд,  барои боркашонӣ то дуконам бисёр сахтӣ мекашидам ва маҷбур шудам, ки ба худ сабукрав бихарам:

«Борҳои вазнинро кашолакунон дар кӯчаҳо мебурдаму аз як таксӣ поин шуда, ба  мусофиркаши дигаре боло мешудам ва бо сад мушкил худамро то мағозаам мерасонидам. Бо пуле, ки аз даромади тиҷорат пасандоз карда будам, сабукрави сохти  шӯравӣ,   тамғаи Газ 14  харидам. Аз таҷрибаи ронандагиям се сол сипари шуду барои сохтмони бинои нав  мағозаамонро чапа карданд,  бе кор мондаму ба мусофиркашонӣ ру овардам» .

Ба қавли апаи Сафармоҳ,  бо даромади ба даст овардааш аз ҳисоби мусофиркашонӣ,  чор фарзандашро хононда хонадор кардаасту, дар шонздаҳсоли таҷрибаи ронандагӣ панҷ маротиба мошинашро иваз кардааст. Мошинҳои иваз намудааш  аз  тамғаи Чайкаи сохти шӯравӣ то  тамғаҳои Опелу  Мерседеси олмонӣ будаанд ва далели иваз карданро ҳам куҳнатар будани мошинҳо мегӯяд.

Аз  рашки шавҳар то мушкилоти  роҳу муштариён.

Солҳои аввали мусофирбарияш шавҳари  апаи Сафармоҳ ба шуғли нави ҳамсараш зидият нишон медодааст, аммо бо гузашти солҳо ҳасодати шавҳар аз байн рафтааст:  «Тайи зиндагии сисола бо шавҳарам, хушиҳои зиёдеро паси сар намуда бошам ҳам, аммо вақте ҷавонтар будам шавҳарам барои мусофиркашониям чандон розӣ набуду  маро пайваст суолу ҷавоб мекард  ва пас аз он, ки  дар  дигар таксиҳо менишасту дар бораи ман суханони некро мешунид,  эътимодаш ба ман зиёд гардида ,  рашкаш аз байн рафт».

Ҳоло шавҳари апаи Сафармоҳ бекор буда,  ягона ноновари хона худи ӯст. Дар зимн ба духтаронаш, ҳарчанд шавҳардоранд,  кумаки молӣ  мерасонад, зеро ба қавли ӯ духтарон аз писарон мӯҳтоҷтаранд. 

Муносибати атрофиён

Ин ронандазанро  тақрибан ҳама кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, ронандаҳо ва муштариёне, ки ҳамарӯза дар роҳи Ваҳдат - Душанбе рафтуо доранд, мешиносанд.  Барои зан буданаш на кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар кораш монеъа эҷод мекунанду на дигар ронандаҳои таксӣ, ки ҳама мардонанд  бо ӯ рақобат мекунанд. Тақрибан ҳама муштариён ӯро ҳурмат мекунанд.  Муштариёне, ҳам пайдо мешаванд , ки ӯро модар хитоб намуда аз пули муқараршуда бештар ҳақи хизматашро медиҳанд. 

Сафармоҳ Ғаюрова

Аммо, мегӯяд, ҳастанд нафароне, ки бо ӯ баландравӣ мекуананду барои роҳи ҳалли мушкил  апаи Сафармоҳ сабро пеша мекунад.   Хусусан дар ин шабу рӯз, ки қимати сузишворӣ боло рафта, нигаронии  ронандагон ва мусофиронро  бештар  кардааст.  Аксар ронандаҳо барои рупӯш кардани хароҷот маҷбуранд баҷои панҷ сомонӣ ҳафт сомонӣ аз муштариён талаб кунанд, ки ба норозигии муштариён оварда мерасонад. Қимати гази моеъ, ки аксар  ронандагони таксӣ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд,  то панҷ сомонӣ барои як литр фурӯхта мешавад. Аммо апаи Сафармоҳ муомила бо муштариёнро муҳимтар шуморида, барои хафа накардани муштариён  аз  роҳҳои  дигар истифода мебарад: 

“Роҳкиро аз Ваҳдат то Душанбе панҷ сомонӣ аст,  бо боло рафтани қимати сузишворӣ ба даромади мо таъсири манфӣ расонидааст, мо низ маҷбур ҳастем, ки роҳкироро боло барем.  Ман пешакӣ бо муштариён дар масъалаи киро мувофиқа мекунаму баъд онҳоро ба ҷойи зарурӣ мерасонам, зеро намехоҳам миёни мо кадом нофаҳмӣ сурат гирад. Дар ин шабу рӯз ман бештар аз Садбарг то маҳалаии “Аманал” мусофиронро мебарам, зеро дар ин хатсайр ҳам,  роҳкиро панҷ сомонӣ аст. Роҳ, ки кӯтоҳ аст масрафаш низ кам аст». 

Давраи каронавирус даромади то 8000 сомонӣ расид.

Дар давраи карантин, ки аксар ронандагон аз тарси сироят наёфтан ба бемории Ковид 19 хонанишин шуданд, апаи Сафармоҳ як рӯз ҳам истироҳат накарда, корашро давом додааст. Даромади бештараш аз ҳисоби дархости нафарони алоҳида барои аз шаҳри Ваҳдат ба шифохонаҳои Душанбе бурдани хӯрок  ба беморони сироятёфта ба Ковид 19 будааст. Апаи Сафармоҳ мегӯяд:

Муштариёнам аз тарси сироят наёфтан ба аёдати наздиконашон намерафтанду ба василаи ман ба онҳо хӯрок мифиристоданд. Доштам муштариёне, ки  онҳоро берун аз шаҳр ба истироҳатгоҳо бурдам, то онҷо дар ҳавои тоза бошанду сироят наёбанд, аммо буданд миёнашон онҳое, ки на танҳо сироят ёфтанд, балки аз ин беморӣ даргузаштанд. Аммо хушбахтона ман, ки миёни мардум будам  аз ин бемори натанҳо эмин мондам, балки даромади хубе низ ба даст овардам”. 

Даромади апаи Сафармоҳ, ки ҳудуди панҷ ҳазор сомонӣ дар моҳ аст,  дар давраи карантин ба ҳашт ҳазор сомонӣ  расидааст.  Яке  аз сабабҳои даромади бештаро дар арзон будани сузишворӣ ва кам будани ронандагон дар давраи карантин медонад.  

Ҳама сад аст мегӯянду ба садама дучор мешаванд

Апаи Сафармоҳ  мегӯяд аксар як ҷавонони ҳозира асабиянду, дарк намекунанд, ки интиқоли чор мусофир масъулияти зиёдеро металабад. Бо вуҷуди камтаҷрибагӣ ва надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сари чамбари мошин  менишинанд. Вақте чунин ҷавононро насиҳат мекунам, ки бо суръати баланд ҳаракат накунанд мегӯянд,  «апа ҳама садай», чанде ногузашта мебинам, ки ба садама дучор шудаанд.  Аммо ҳастанд ҷавононе, ки фаҳмиши баланд дошта, бо эҳтиёт ҳаракат мекунанд. Муштариён низ ронандаи хуб ва ботаҷрибаро мекобанд.  Дар давоми ин солҳо муштариёни зиёдеро пайдо намудааст, ки барои интиқоли меҳмонон дар тӯйю маъракаҳо ба апаи Сафармоҳ муроҷиат мекунанд. Ба суоли он, ки оё боре худи апаи Сафармоҳ дучори садама шудвааст? Гуфт:

Бале борҳо дучори садама шудааму, хушбахтона зарари ҷидии иқтисодӣ ва ҷисмонӣ набардоштаам. Хотироте, ки дар таҷрибаи кори паси сар намудам,  8 март рӯзи таваллудам буду қасд кардам то соати сеи пас аз зӯҳр кор карда ба хона бар мегардам, ки   бо гуноҳи як ҷавонзани бетаҷриба ба садама дучор шудам. Шавҳари ин зан ба ман гуфт, апа шикоят накун мошинатро дубора барқарор мекунам,  мошинамро дар ихтиёри онҳо гузоштам ду соат нагузашта, мошинамро аз пештара ҳам хубтар таъмир карда оварданд, ки ҳайрон мондам, зеро таъмири як мошин одатан рӯзҳо ва ҳафтаро дар бар мегирад. Вақте  мошинам назди усто бошад, муштариён ба ман  мегӯянд чаро пиёда ҳастӣ, чӣ ба ман пиёдагардӣ мумкин нест магар?,- мегӯяд бо ханда ин ҳамсӯҳбатам.

Апаи Сафармоҳ, ки аз шуғлаш даст кашиданӣ несту камбуди дигаре дар зиндагӣ надорад,  ягона орзуяш зиёрати хонаи Каъба асту, мунтазири иҷоза ва кушодашавии роҳ ба сӯи Хонаи Худо аст. Роҳе, ки сарнавишти маънавишяро мисли рӯзгори воқеияш рангину гуворо мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.