Нахустин парвози муқаррарӣ паз аз қатъи парвозҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт, вале шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия парвоз карда натавонистанд. Шаби 3 апрел аз Маскав ба Душанбе ҳавопаймо омад, ки таваққуфи яксолаи парвозҳои мустақим миёни ду кишварро аз байн бурд.

Аммо ин ширкат аз Душанбе ба Маскав танҳо мусофиронеро бурд, ки шаҳрвандии Русия доштанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро набурд. 

Далели инро мақомоти расмии Тоҷикистон имрӯз шарҳ дода, ба мусофирон ваъда додаанд, ки онҳоро ҳафтаи оянда ба Маскав мебаранд.

Икром Субҳонзода, мудири Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 3-уми март ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, ки “Сабаб ба Қарори Ҳукумати Россия ворид нагардидани тағйирот доир ба оғози парвозҳои мунтазами Россия бо шаш кишвар, аз ҷумла, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Германия, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланка мебошад.” Бар асоси ин санад ба гуфтаи Икром Субҳонзода, парвозҳои мунтазам аз ин кишварҳо ба Русия бояд аз рӯзи 1-уми апрел аз сар гирифт мешуд.

Ҳавопаймои ширкати русии “ЮтЭйр” 258 нафар мусофирро ба Тоҷикистон расонид. Миёни онҳо асосан муҳоҷирони меҳнатӣ буданд. Бархе аз ин муҳоҷирон зиёда аз як сол аз дидори наздикон маҳрум будаанд.

“Аз омадан ба ватан хурсанд шудам! Волидону ёру бародаронро пазмон шуда будам. Ҳоло мехоҳам ба зиёрати онҳо равам. Айни замон нақшаи баргаштан ба Русияро надорам”, - мегӯяд Муҳаммад Холов, ҷавоне, ки беш аз як сол дар Русия ҳам кору ҳам ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани шаҳрванӣ дуруст мекард.

Мусофирони аз маскав омада мегӯянд, билетро бо нархи қариб 150 доллар дастрас кардаанд. То ин дам аз Русия танҳо парвозҳои чартерӣ мавҷуд буд, ки қиммати парвоз чандин маротиба гаронтар аз ин буд, ки бисёриҳо имкониати хариди чиптаро надоштанд.

Asia-Plus

Вале шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои парвоз аз Душанбе ба Русия тариқи ин ширкат билет харида буданд натавонистанд ба ҳавопаймо роҳ ёбанд. Мақомоти Русия талаботи ба ин давлат парвоз карданро ногаҳон тағйир дод. “То вақти парвоз ба мо мушахассан маълум набуд, ки кай иҷозат дода мешавад, - гуфт дар сӯҳбат бо журналистон намояндаи “ЮТейр” Акбар Раҳимов.

Аз ҳамин сабаб мо то охир интизор шудем, ки ба мо посух диҳанд. Ва ба мо ҷавоб омад, ки тибқи қарори 635  аз 20-уми марти 2020 аз тарафи ҳукумати Русия қабул шудаст, танҳо мусофироне метавонанд парвоз кунанд, ки шаҳрванди Русия ё падару модарашон шаҳрванди Русия аст ва боз нафароне, ки иҷозаи иқомат дар қаламрави он кишварро доранд,- гуфт ӯ.

Ин парвози “ЮтЭйр” ҳамагӣ бо чанд мусофире, ки шаҳрвандии Русияро дошта буданду дар ин хатсайр билет харида буда ба Маскав баргашт. Вале намояндаи ширкат кафолат дод, ки пули мусофирони аз парвоз бозмонда намесӯзад.

Хабаргузории “Ховар” низ навиштааст, ки парвоз рӯзи 9-уми апрел сурат мегирад. Ба навиштаи ин хабаргузории давлатӣ: "Роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ аз тамоми мусофироне, ки парвозашон ба 9-уми апрел дар хатсайри Душанбе –Москва ба таъхир гузошта шудааст, хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна овозаю дасиса дода нашаванд, парвози онҳо ҳатман 9-уми апрел бидуни ягон мушкилот ва монеа сурат гирифта, хароҷоти мусофирон ҷуброн мегардад".

Алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия пас аз як сол боз шуд. Рафтуомад моҳи марти соли 2020 бар асари пандемия баста шуда буд. Дар ин давра ҳудуди 75% муҳоҷирони меҳнатии тоҷик натавонистанд барои кор ба Русия сафар кунанд. Интиқоли маблағ низ ба Тоҷикистон дар ин давра, тибқи арзёбиҳои мухталиф, аз 6 то 50 дарсад коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.