Донишҷӯён боз аз шаш кишвари шароити вазъи эпидемиолгиашон мусоид барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ба қаламрави Русия ворид шуда метавонанд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Русия.

“Тибқи фармоиши ҳукумати Русия... донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони давраҳои омодагии факултетҳо аз Венесуэла, Олмон, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка барои идомаи таҳсил ба Русия баргашта метавонанд”, - гуфта мешавад дар фармоиш.

Мувофиқи санади нашршуда, акнун донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони давраҳои омодагии факултетҳо аз Абхозитон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Венесуэла, Ветнам, Олмон, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Куба, Ҷумҳурии Малдив, АМА, Ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сингапур, Сурия, Танзания, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Финландия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эфиопия, Кореяи Ҷанубӣ, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷопон ба Русия сафар карда метавонанд.

Вазорати маориф ва илми Русия дар навбати худ тартиби бозгашти шаҳрвандонеро, ки дар муассисаҳои таълимии ин кишвар таҳсил мекунанд, таҳия намуда, оид ба амалисозии он тадбирҳо меандешад.

Қоидаҳои вуруди таҳсилкунандагон дар Русия

Донишҷӯёни тоҷик на дертар аз 10 рӯз бо почтаи электронӣ бояд муассисаи таълимиро аз санаи вуруд ба Русия огаҳ созанд. Пас аз ирсоли нома онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.

На пештар аз се рӯзи тақвимӣ то замони расидан ба Русия, донишҷӯ бо методи ПСР бояд тест аз коронавирус супорад ва агар натиҷааш манфӣ бошад, дар кишвари худ бо забони русӣ ё англисӣ ҳуҷҷати дахлдор мегирад.

Ба ҷуз гузаштан аз тест на дертар аз 3 рӯз то замони расидан ба Русия, донишҷӯёни тоҷик дар муддати 72 соати пас аз вуруд ба қаламрави Русия бояд боз ПСР-тести иловагӣ супоранд. То гирифтани натиҷаҳои ин тест донишҷӯён бояд дар макони иқомат реҷаи гӯшанишиниро риоя намоянд. Дар давраи гӯшанишинӣ таълим дар шакли фосилавӣ мегузарад. Шахсоне, ки аз тести такрорӣ намегузаранд, ба таҳсили рӯзона роҳ  дода намешаванд.

Дар ҳолати дар замони гӯшанишинӣ дар донишҷӯёни ба Русия омада пайдо шудани аввалин аломатҳои бемориҳои роҳи нафас (таби баланд, дарди гулӯ, зуком, сулфа) онҳо дар ин бора бояд таъҷилан ба донишгоҳ хабар дода, табибро даъват кунанд.

Дастури зина ба зинаи амал ба донишҷӯёни хориҷӣ, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони давраҳои омодагии факултетҳо то замони омадан ба Русия ва ҳафтаҳои аввали ҳузур дар ин кишвар тариқи почтаи электронӣ ба онҳо фиристода шуда, дар сомонаҳои мактотиби олӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда мешавад.

Зимни пайдо шудани саволҳои иловагӣ ба Маркази вазъиятии Вазорати маориф ва илми Русия бо телефони +7 (495) 198-00-00 ё бо почтаи электронии [email protected] муроҷиат кардан зарур аст.

Масъалаи вуруд тариқи гузаргоҳҳои заминӣ низ баррасӣ мешавад

Ғайр аз ин, донишгоҳҳое, ки ба қабули донишҷӯёни хориҷӣ омодаанд, бо портали хизматрасониҳои давлатӣ ҷиҳати тартиб додани рӯйхати донишҷӯён (мутобиқи фармоиши №635-р) ҳамкорӣ доранд, ки ба донишҷӯён аз кишварҳои тибқи рӯйхат иҷозашуда имкон медиҳад, ки аз гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ истифода баранд. Ҳамчунин дар ҳолати транзит тариқи кишварҳои аллакай бозшуда вуруди онҳо осонтар мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, зиёда аз 1800 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон иҷозаи бозгашт ба макотиби олии Русияро мунтазир буданд. Инҳо донишҷӯёне мебошанд, ки дар платформаи махсуси Вазорати маориф ва илм худро номнавис кардаанд, лекин шумори донишҷӯёни дармонда метавонад зиёдтар бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.