Субҳи имрӯз Иқбол Тешаев, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара ва яке аз рӯзноманигорони фаъол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар сини 51-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони марҳум хабар додаанд.

Иқбол Тешаев солҳи ахир ба унвони сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буданд. Ҳамчунин аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд. 

Намози ҷанозаи марҳум, имрӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Ворухи шаҳри Исфара баъд аз намози аср баргузор мешавад.

Иқбол Тешеав хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Исфара ҳамчунин як маҷаллаеро бо номи "Ганҷи Исфара" таъсис карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.