Агентиҳои низоми СММ давоми ду сол ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 363 млн доллар кумаки молиявӣ мерасонанд.

“Буҷети Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ в иҷтимоӣ зиёда аз 363 млн долларро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоияи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Нақшаи кории муштараки ЮНДАФ барои солҳои 2021-2022.

Ин ҷаласа рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони агентиҳои СММ баргузор шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқи Завқизода гуфт, раҳбарияти кишвар самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2021 ва ҳафт соли минбаъда муайян намуд.

Зикр шуд, ки давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд.

“Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид”, - иброз дошт Завқизода.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2020 ҳукумат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ таҳия ва қабул кард.

“Дар натиҷа дар соли 2020 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 4,5 фоиз ба вуҷуд овард”, - гуфт вазир.

Зимнан зикр шуд, ки инчунин дар соли 2020 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқа ба 28,3 фоиз нисбат ба соли 2019-ум ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

“Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд”, - таъкид дошт Завқизода.

Гуфта мешавад,  Агентиҳои СММ ба дастгирии минбаъдаи рушди Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.