Дар Маскав рӯзи 5 апрел вохӯрии сафирони Тоҷикистону Қирғизистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва Гулнара–Клара Самат баргузор шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва роҳҳои мусоидатгар барои рушди муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Ҳамназарии ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани ҳамкорӣ миёни диаспораҳои ду кишвар тавассути доир намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ, инчунин ташкили ҳамоишҳои илмӣ ва мизҳои мудаввар роҷеъ ба масоили муҳиму рӯзмарра иброз шуд, - омадааст дар хабар сафорат. - Дар зимн таваҷҷуҳи махсус ба механизмҳои ҷалби доираҳои илмию фарҳангӣ аз ҳисоби диаспораҳои тоҷикону қирғизи муқими Россия зоҳир гардид”.

Гуфта мешавад, ҳамчунин омодагии тарафайн ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни ду намояндагии дипломатӣ иброз шуда, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ наздикии мавқеи давлатҳоро роҷеъ ба чандин масъалаҳои муҳими байналмилалӣ қайд намуданд.

Зикр мегардад, ки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ бо изҳори боварӣ самаранокӣ ва ба нафъи рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар будани суҳбатро таъкид карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.