Гуруҳе аз рӯзноманигорони тоҷик дар вилояти Суғд барои изҳори ҳамдардӣ ва дуову фотиҳахонӣ ба хонаи Иқбол Тешаев, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара ба ҷамоати Ворух рафтанд. Ин сафар бо ибтикори ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифт. 

Гуруҳи 20-нафарии рӯзноманигорони вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят имрӯз ба хонаи марҳум Иқбол Тешев, ки дирӯз бар асари бемории дилу рагҳо дар синни 51-солагӣ даргузашт, рафта бо модари марҳум, писар ва дигар аъзои хонаводааш дидор  карданд. 

Дар ин сафар гуруҳи рӯзноманигоронро намондаи Хадамоти ҳукумати матбуоти вилояти Суғд ҳамроҳӣ кард ва рӯзноманигорон дар хонаи марҳум ба руҳи ӯ дуову Қуръон хондад.

Модари марҳум Муъҷизахон Тешаева, дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки писараш ҳамеша барои огоҳ будани мардум ва риояи ҳақиқату адолат талош мекарданд ва дар баҳсҳои сарҳадӣ ҳам софидилона хидмат мекарданд.

"Аз дирӯз, ҳамкасбонашон, аз ҳукумат аз ҳама ҷо барои фотиҳахониву ҳамдардӣ меояд. Ман ифтихор мекунам, ки писарам дар хидмати мардум ва ҳақиқату адолат буданд. Дар кардам, ки дар роҳи дуруст буданд",-гуфт Муъҷизахон Тешаева.

Писари марҳум, Муҳаммад Иқбол дар суҳбат гуфтанд, ки худораҳматӣ як ватандӯсти асил буданд ва дар ҳамин роҳ мурданд. "Дар ин авохир ба масъалаҳои сафари президент ба Исфара банд буданд. Худашон, ки ҷонфидои Ватан буданд, моро ҳамин гуна тарбия мекарданд. Мегуфтанд, хон, мутахассиси нағз шав ва барои Ватан хидмат кун".

1/8

Иқбол Тешаев солҳи ахир ба унвони сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буд. Ҳамчунин аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд. 

Намози ҷанозаи марҳум, дирӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Ворухи шаҳри Исфара баъд аз намози аср баргузор шуд.

Иқбол Тешеав хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Исфара ҳамчунин як маҷаллаеро бо номи "Ганҷи Исфара" таъсис карда буд ва сардабири он буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.