Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон кардааст, ки  бино ба  сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт дар баъзе роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд мешавад.

Ин эълонро торнамои ҳукумати вилояти Суғд нашр карда ва тавсия додааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳо, шаҳрвандон аз роҳҳои канорӣ истифода кунанд.

Тибқи ин иттило дар вилоят маҳдуд шудани роҳҳои зерин дар назар аст:

- 7 апрел кучаҳои ба номи Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров — Хуҷанд, кучаҳои ба номи И.Сомонӣ ва Гагарини шаҳри Хуҷанд, кучаҳои ба номи Ф.Ахмедов, М. Авезова ва Ӯрунхоҷаеви ҷамоатҳои Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кучаҳои марказии шаҳри Гулистон;

- 8 апрел роҳи автомобилгарди Истаравшан-Зафаробод то деҳаи Яккатол, роҳи Истаравшан-Хуҷанд то плазаи толлингии шаҳри Истаравшан, роҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарҳалол(соҳибони автомобилҳои хурди мусофиркаш метавонанд ҳаракати худро тариқи роҳи марказии ноҳияи Деваштич идома диҳанд);

 - 9 апрел кучаҳои марказии шаҳраки Шӯроб, кучаҳои марказии Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара;

 - 10 апрел кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кучаҳои Гагарин, Сирдарё, И.Сомонӣ, Р.Ҳоҷиев то баромадгоҳи маҳаллаи Сартӯқай, кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Гулистону Бӯстон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.