Тарҳи видеоии моро  бо дурахшонтарин, муваффақтарин ва маъруфтарин занҳои кишвар дар хотир доред? Он барои бинандаҳо бисёр писанд омада буд ва аз ин рӯ, “Азия-Плюс” қарор дод онро дубора роҳандозӣ кунад.  Танҳои ин бор бо номи “Неруи зан”.

Дар ҳоли ҳозир ин нахустин ва ҳоло ягона тарҳи мо дар қолаби мусоҳибаи видеоии комил аст, ки ин ҷо занҳои неруманд дар бораи ҳама чиз: аз  нигарониҳои умдаи шахисяшон то масоили доғи кишвар мегӯянд.

Мо чиро намоиш медиҳем?

Мо 12 мусоҳибаи видеоиро дар назар гирифтаем. Ин бор мусоҳибаҳо тоҷикӣ мешаванд. Дар ин баробар дар мавсими дуюм мо ҳадаф дорем, ки на танҳо бо фаъолони маъруфи иҷтимоӣ, роҳбарони созмонҳои маданиву тиҷоратӣ, балки бо занҳои “муқаррарӣ”-и хонашин, модарони серфарзанд, хиёбонрӯб, дониҷҷӯйҳо, варзишгарбонувон, блогнависон ва ҳунарпешаҳову ошпазҳо низ суҳбат кунем.

Мо бовар дорем, ки ҳар кадоме аз ин занҳо мавҷи комиле аз аҳсосот, дард, орзуҳои инсонии сода доранд, ки маъмулан ба ҳеч касе намегӯянд. Мо мехоҳем садои онҳо шунида шавад, онҳо ҳарфе барои гуфтан доранд.


Шумо чӣ чизҳои нави дигареро мебинед?

Муҷрии нав – мудири радиои «Азия-Плюс» Манижа Аҳмадова.

Қаҳрамони нав кист?

Рамзӣ аст, ки он муҷрии пешини лоиҳа, рӯзноманигор, муаллифи якчанд филмҳои мустанад ва фотофилмҳо Маҳпора Киромова хоҳад буд.

Бо ӯ мо дар бораи он суҳбат мекунем, ки чӣ гуна ӯ фурсат меёбад ба танҳои се писарро тарбия  ва лоиҳаҳои муваффақро иҷроӣ кунад. Ва дар бораи ин ки то куҷо барои як зан мушкил аст, ки худро дар ҷомеаи Тоҷикистон бисозад. Дар бораи вокунишҳои бархоста бар сари фили “Мардикор” ва дар бораи суҳбатҳои ӯ бо вазири меҳнат баъди нашри ин филм.

Ҳамин тавр, нашри якуми моро метавонед, имрӯз, 10 апрел, соати 19.00 дар ин ҷо, бахши тоҷикии сайти asiaplustj.info бибинед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.