Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии  шаҳри Душанбе  рӯзи 11 апрел даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва маросими тақдими ҷоизаҳо ба  ғолибон баргузор гардид.

Шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи озмун дониста шуд. Боғи ба номи Аҳмади Дониш беҳтарин боғ дар пойтахт эълон шуд. Дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” зинаи аввал ба Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) муносиб дониста шуд. Дар номинатсияи “Вилояти беҳтарин” вилояти Суғд ғолиб эътироф гардид.

Дар номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба Гулнигор Ғафурова ҷойи аввалро касб кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Озмуни “Сайри гули лола” бори нахуст мутобиқи амри президент соли 2019 дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ватан ва ҷалби сайёҳон унвон мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.