«Садои Қу”- намоиши  тозатаҳияи театри шаҳри Конибодом, ки  дар онлайнфестивали Лондон, имрӯз, 12 апрел соати 14:00 (бо вақти Лондон), 18:00 (бо вақти Душанбе) нишон дода мешавад, дар Душанбе низ рӯзҳои наздик ба таври зинда намоиш дода мешавад.  Намоиш дар онлайнҷашнвораи Лондон бо забони тоҷикӣ ва субтитри инглисӣ пешниҳод мегардад.

Ин намоиш 16-уми апрел, соати 16:00 дар Театри давлатии ҷавонони шаҳри Душанбе аз атарфи ҳунармандони театри шаҳри Конибодом ба саҳна гузошта мешавад. Масъулони тетри Конибодм ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки вале даромад барои тамошои намоишнома тариқи даъватнома  ба роҳ монда шудааст.

Нахустнамоиши “Садои Қу”- дар таҳияи коргардони туркмантабори муқими Лондон Овляқули Ходжақулӣ дар рӯзи байналмилалии театр 27-уми март дар Конибодом  баргузор шуда буд, ки ҳаводорони театр аз  Душанбе ва Хуҷанд низ барои тамошо рафта буданд.

Намоиши мазкур давраи ҳамагирии коронавирус ба таври онлайн-таҳия шудааст. Коргардон дар Лондон бо ҳунармандони театри Конибодом дар режими онлайн рӯйи намоиш кор кардааст.

Гуфта мешавад то ин муддат ҳунармандони ин театр се намоиши дигар бо номҳои “Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” ва “Қобил”- таҳия намуда буданд. Аммо ба таври онлайн таҳияи намоиш дар фазои театрии кишвар таҷрибаи нав аст.

Намоиши “Садои Қу”- аз рӯи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳоние чун Чехов, Шекспир, Пушкин, Грибоедов, Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯйи саҳна омадааст. Тамоми матнҳоро- низ худи коргардон банду баст кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.