Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон либоси нави занонаи кормандони милисаро муаррифӣ кардааст, ки бархе аз либосҳо аз матои миллии атлас омода шудаанд.

ВКД бо нашри чанд акс дар торнамояш навиштааст, ки ин либосҳо "либоси идонаи низомӣ ва саҳрои миллии занонаи корманди милитсия" мебошад. 

ВКД мегӯяд, ки либоси идонаи  низомӣ ва саҳроии миллии занони корманди милиса аз матои атласу адрас дӯхта шудаанд. 

1/4

Як манбаи «Азия-Плюс» аз бахши низомии Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мувофиқи қоидаҳои мавҷуда намунаҳои либоси кормандони мақомоти қудратӣ ва ворид кардани тағйирот ба онҳоро бояд, шахсан худи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ мекунад. 

«Агар намунаҳои нави либоси кормандони зани милиса аз сӯйи президент тасдиқ шавад, баъдан истеҳсоли онҳо ба роҳ монда мешавад», - таъкид кард манбаъ.

Гуфта мешавад ин либосҳоро тарроҳони вилояти Суғд тарҳрезӣ кардаанд ва дар сафари ахири раисҷумҳур ба вилояти Суғд, ҳангоми боз кардани Маркази омӯзишии ВКД дар шаҳри Гулистон, 7 апрел муаррифӣ карда шудаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.