Бо оғози моҳи шарифи Рамазон мардум субҳ ва шомгоҳон бо барқ таъмин карда мешаванд, то ки хӯрок тайёр карда тавонанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ хабар дода, лекин аз ҷузъиёти масъала чизе нагуфт.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли вай, дар бораи пурра аз байни бурдани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) ҳоло ягон тасмиме гирифта нашудааст.

Айни замон аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ интиқоли барқ ба сокинони минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон қатъ мешавад.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” пурра бартараф шудани речаи маҳдуди истифодаи барқро ба гармшавии ҳаво вобаста медонанд, ки ба афзоиши маҷрои об дар дарёҳо мусоидат мекунад, зеро 93%-и барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ “лимит” расман аз 6 январи соли равон ҷорӣ шуд, ҳарчанд аҳолии деҳот аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта шикоят мекарданд.

Нимаи моҳи феврал “Барқи тоҷик” давомнокии реҷаи маҳдуди истифодаи барқро як соат кам карда, инро раҳбарияти ширкат ба обуҳавои мусоид ва зиёдшавии маҷрои об дар дарёи Вахш нисбат дод.

Айни замон танҳо дар қаламравҳое, ки дар онҳо хонаҳои баландошёна ҷойгиранд, нерӯи барқ шабонарӯзӣ интиқол меёбад.

Мувофиқи қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз имрӯз, 13 апрел оғоз шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.