Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, комиссияи махсус беҳтарин ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро дар шаҳри Душанбе муайян мекунад.
Ғайр аз ин, комиссия беҳтарин корхонаи нақлиётии пойтахтро низ интихоб мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳр.
Барои баргузории озмунҳо дар ин маврид аз буҷети шаҳр 16 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ғолибони озмунҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Натиҷаи озмунҳо дар остонаи ҷашни Рӯзи пойтахт, ки имсол 17 апрел таҷлил мегардад, ҷамъбасту эълон мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.