Имрӯз зодрӯзи аллома Айнӣ бузургтарин тоҷики асри XX аст. Устод Айнӣ, ки дар тасаввури аксари мардуми мо як нависанда аст, танҳо нависанда набуда, як донишманди тавоно, таърихнигори боадолат, адабиётшиноси варзида, забоншиноси камназир, рӯзноманигори чирадаст ва инқилобии ростине буданд.

Кору пайкори гуногуни устод Айнӣ дар тамоми арсаҳо бармалло месозад, ки як тоҷик бояд чӣ гуна барои сохтмони давлату миллати худ талош бикунад. Устод Айнӣ дар баробари тамоми шоистагиҳое, ки доштанд як оянданигари тавоно низ буданд. Андешаҳои оянданигаронаи устод Айнӣ бештар дар матлабҳое, ки дар оғози асри гузашта дар матбуот ба нашр расидаанд, баён шудааст.

Бо вуҷуди ин  баҳсҳо атрофи шахсият ва коркардҳои Айнӣ зиёд аст. Бархеҳо ӯро дар табдили алифои форсӣ гунаҳкор мекунанду бархеҳо падари миллати тоҷик меноманд. "Азия-Плюс" аз донишмандону соҳибназарон пурсид, ки бузургтарин хидмати Айнӣ барои миллати тоҷик чӣ буд?

Иброҳим Усмонов, профессор:

"Устод Айнӣ соҳиби тамаддуни Осиёи Миёна будани тоҷиконро собит кард"


Бузургтарин хидмати Садриддин Айнӣ  барои тоҷикон аз он иборат аст, ки халқи таҳҷоии Осиёи Миёна будани халқи  тоҷик, халқи азалии Осиёи миёна будани халқи тоҷик, соҳиби тамаддуни Осиёи Миёна будани халқи тоҷик ва соҳиби давлати Осиёи Миёна будани халқи тоҷикро илман асоснок кард. Ба заъми ин бояд таъкид, кард, ки он халқе ки ба номи халқи эронӣ ёдоварӣ мешавад, ҳамин халқи тоҷик мебошад. Ва он забоне, ки ба номи забони форсӣ ёдоварӣ мешавад ҳамин забони тоҷикӣ мебошад.

Садриддин Айнӣ фаҳмонд, ки калимаи тоҷик калимаи сохта нест, ин калимаест, ки 1000 сол боз дар  Осиёи Миёна роиҷ аст ва мардум худро тоҷик мегӯяд, вале аз баски ҳукуматдорон ғайри тоҷикон буданд,  дар бораи халқ гап намезаданд.  Ӯ исбот кард, ки адабиёти бузургӣ  форсӣ, ки тамоми дунё мешиносанд: аз Рудакӣ сар карда то Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлоно, Ҷомию Бедил ва ҳамаи дигарон инҳо  он адабиётест, ки дар мулки Осиёи Миёна, дар Бухоро пайдо шуд. Бухоро ҳамон давлатест, ки як қисми он номи Тоҷикистонро гирифт. Ман фикр мекунам ҳамин хидмати устод Садриддин Айнӣ дар назди халқи тоҷик, дар назди башарият ва дар назди Худованд мебошад. 

Абдунабӣ Сатторзода, профессори адабиёт:

Рисолати миллии мо ба дӯши Айнӣ буд


Дар таърихи бисёрҳазорсолаи илму адабу фарҳанги мо мардони бисёрфан (энсиклопедист) кам набуданд, монанди Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Хоҷа Насираддини Тӯсӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмад Махдуми Дониш ва дигарон.

Устод Садриддин Айнӣ ин суннатро дар даврони нави таърихӣ идома дод. Ӯ на танҳо нависанда, балки шоир, олими адабиётшинос, забоншинос, мусиқишинос ва таърихнигор, маърифатпарвар, мунаққид, рӯзноманигор, хитобанавис (публитист), луғатнавис, тарҷумон, муҳарриру мураттиб, мударрис, муаллим, муаллифи китобҳои дарсӣ, бунёдгузори мактабҳои усули нав ба забони тоҷикӣ, ислоҳотпарвари мактабу маориф, роҳбари ниҳоди илмие мисли Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Бо шохаҳои гуногуни илму адабу фарҳанг ҳамзамон машғул шудани бузургонамон дар гузашта ва устод Айнӣ дар даврони муосир, бидуни шак, тақозои замона ва ҷомеа буд. Маҳз ҳамин тақозо аст, ки дар марҳилаҳои муайяни таърихи қавмҳову миллиятҳо фардҳое зуҳур мекунанд, ки ин хостаҳоро қонеъ мегардонанд ва бо ҳамин боиси таҳаввулу такомул ва рушди ҷомеаи хеш ва сарзамини хеш мешаванд. Ва ин рисолати наҷиб танҳо насиби онҳое хоҳад шуд, ки тавони дарки саривақтии чунин тақозои замон ва ҷомеа ва ҷавоб гуфтан ба онро доро мебошанд.

Оғози садаи ХХ, солҳои 20 ва 30-ум, тавре ки маълум аст, дар қаламрави ҷуғрофие, ки «қавми муаззами тоҷик» (Айнӣ) мезист, яъне дар Мовароуннаҳр, дурусттараш дар Туркистон ва Аморати Бухорои он давр гардишҳои куллии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла низоми давлатдории Аморати Бухоро барҳам зада шуд ва дар ҳудуди он ва Туркистон ҳукуматҳои шӯроӣ таъсис ёфтанд. Вале нерӯҳои сиёсӣ ва миллигарои «пантуркизми болшавикӣ ва панӯзбакистҳои миллатгарои муғулмизоҷ» (Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон.-Душанбе: «Адиб».-2012.-C.73), аз он ҷумла аз ҳисоби баъзе аз тоҷикони худбохта ва гумроҳ низ, зуҳур намуданд ва ба шиддат кӯшиш карданд, ки аз самараҳои ин дигаргуниҳои инқилобӣ қавми тоҷик, ҷомеаи онро бенасиб гардонанд: аз мактабу маориф, нашри рӯзномаву маҷалла ва китобҳо ба забони тоҷикӣ,, доштани давлати мустақил ва ҳукумати мустақил ва ғайра. Бино ба шаҳодати устод Айнӣ, «баъд аз Инқилоби Уктабр дар Туркистон ва Бухоро ҳукуматҳои шӯроӣ азбаски ба номи ӯзбак таъсис ёфт, рӯзномаҳо, фармонҳо, дастурамалҳо, китобҳои мактабӣ ва китобҳои сиёсӣ ҳама ба забони ӯзбакӣ нашр шуданд, қавми тоҷик, ки соҳиби маданияти қадима ва дорои адабиёти нафиса буд, аз адабиёти нави инқилобӣ, аз мактабҳои шӯроӣ ва аз гузориши аҳволи дохилию хориҷӣ ва аз тарбияти сиёсӣ ва билҷумла аз тамоми меваҳои Инқилоб маҳрум монд».

Мо тоҷикон, тавре ки устод Айнӣ дар як хитобааш он солҳо навишта буд, «инқилоби муқаддасро ба ҳолате истиқбол кардем, ки на илм дорем, на идрок, на хат дорем, на савод, на фикр дорем, на хаёл, на орзу дорем, на омол…». Дар чунин шароити номусоид замона ва ҷомеа тақозо мекард, ки, пеш аз ҳама, мавҷудияти як қавми муаззаме бо номи тоҷик дар Мовароуннаҳр ба исбот расад, ҳаққу ҳуқуқи қонунии вай ба доштани мактабу маориф, рӯзномаву маҷалла ва китобҳо ба забони худ, адабиёт, илму фарҳанги худ, ташкили давлати мустақили худ ва ҳукумати худ барқарор карда шавад. Иҷрои ин рисолати миллиро устод Айнӣ ба зимаи худ гирифт. Ӯ китоби барои миллати мо муқаддаси «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) таълиф намуд ва ба исбот расонд, ки «аз бозе ки вақоиъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст». 

Абдулло Раҳнамо, мудири шуъбаи равобити адабии Иттиҳодия нависандагон:

Айнӣ бунёдгузори ҳувияти навини тоҷикӣ буд


Се хидмати бузургтарини асосии устод Садриддин Айниро ҳамчун шахсияти таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсии миллат мехоҳам таъкид кунам, ки барои мо ниҳоят муҳим мебошанд.

Аввалан, устод Айнӣ бо он талошу фарҳангу донише доштанд, бо он огоҳии фавқулодаву бузурги сиёсие, ки доштанд, бофт ё конструкти имрӯзаи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои милли моро босозӣ карданду сохтанд. Бисёре аз мафҳумҳои таърихию фарҳангӣ ва адабию забонӣ, ки мо имрӯз ба таври оди истифода мекунем, амалан Айнӣ сохтаанд ва ба зеҳни ҷомеъаи мо рехтанд, ки дар натиҷа мо ҳамон худшиносии миллиямонро дубора соҳиб шудем. Ин хело муҳим буд.

Дуюм, талошҳои устод Айнӣ ва дигар ҳамсафони эшон дар ҳамон солҳо боис шуд, ки асоси назариявӣ ва мантиқӣ барои таъсиси давлати мустақили тоҷикон, аввал дар шакли ҷумҳурии мухтор ва баъдан дар шакли ҷумҳурии шӯравӣ ба вуҷуд ояд. Ба ин васила Айнӣ яке аз касоне ҳастанд, ки барои ба вуҷуд омадани Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати бузург карданд. Дар ниҳоят ҳамон ҷумҳурие, ки Айнӣ ва ҳамсафонашон барои он талошу ҷонбозӣ карданд, имрӯз ҳамин Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Бинобар ин Айнӣ як шахсияти сиёсии бузурги таърихӣ мебошад.

Сеюмин, нақши бисёр нармтар ва ниҳоят муҳими Айнӣ он аст, ки бо хидматҳои худ тавонистанд, ки забону адабиёт ва муҳити маънавии моро бо он таърихи пешинаи бузург пайванд кунад. Шояд Айнӣ ягона нафаре буданд, ки он тамадуну фарҳанги тоинқилобии Шӯравиеро, ки мо доштем ба замони муосири мо интиқол доданд. Дар натиҷа нагузоштанд, ки пайванди мо бо гузашта пурра қатъ шавад.

Хулоса Айниро фақат як адиб ё шоир ё нависанда пиндоштан хатто аст. Айни яке аз бунёдгузори ҳувияти навини тоҷикӣ, яке аз созандагони арзишҳои имрӯзаи Тоҷикистони мустақил ва яке аз сиёсатмадорони бузуртарин дар асри 20 мебошанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ:

Айнӣ тоҷиконро дар Осиёи Миёна ҳифз ва муаррифӣ кард


Нақши устоди бузургвор Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёту фарҳанг ва худогоҳию худшиносӣ миллати тоҷик ниҳоят бузург аст. Танҳо таҳияи “Намунаи адабиёти тоҷик” баёнгари он аст, ки устод Айнӣ тавонистанд дар аввали асри XX халқи тоҷикро аз муборизаҳое, ки бар муқобили он оғоз шуда буд, ҳифз намояд. Хушбахтона барои собит кардани мавҷудияти халқи тоҷик ин асар нақши калидӣ бозид. Эшон тавонист, ки бо ин асари худ тоҷиконро дар Осиеи Миёна ҳифз ва муаррифӣ кунад.

Дар баробари ин устод Айнӣ тавонистанд дар рушди назму насри адабиёти садаи асри 20 нақши калидӣ бозад. Ӯ ҳам осори назмӣ ва ҳам осори насрии саршор аз тарғиби дастовардҳои замони нав барои мардуми тоҷик буд.

Айнӣ дар баробари корҳои эҷодӣ, аз аввали солҳои 20-уми асри гузашта ба корҳои илмию таҳқиқоти машғул шуданд. Махсусан дар молҳои 30 –40-50-ум барои муарифии шахсиятҳои барҷастае мисли устод Рудакӣ, Абуалӣ ибни Сино , Саъдии Шерозӣ , Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо адибони дигари барҷастаи тоҷик, таҳқиқоти пурарзиш анҷом диҳанд. Ба хусус асари ӯ “Абдуқодири Бедил” намунаи барҷастаи таҳқиқот дар шинохти бедилшиносӣ буд.

Устод Айнӣ бо навиштани мақолаҳои публистӣ тавонистанд, ки мардуми тоҷикро аз таъсири асарҳое, ки он замон алайҳи тоҷикон шуруъ шуда буд, ҳифз кунанд. Аз ин нуқтаи назар нақши устод Садриддин Айниӣ дар ҳифзу ҳимояи фарҳангу таърих ва адабиёти тоҷик мбарҷаста аст, ба ҳамин хотир ин шахсиятро презденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эътироф карданд ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро доданд . 

Абдуҷаббор Азизӣ, муовни раиси ҲХДТ:

Айнӣ дар лаҳзаи тақдирсози миллӣ ҳастии миллатро собит кард


Бузургтарин хидмати устод Айни барои мо тоҷикон аз он иборат аст, ки таъриху забон, тарбияи зиёиёни миллӣ ва умуман ҳастии давлату миллатамонро дар як лаҳзаи тақдирсози таърих, ташкил, нигоҳ ва барои оламиён муаррифӣ карда тавонист.

Садриддин Айнӣ шаҳрҳои тоҷикону тоҷикнишин будани Самарқанду Бухороро илману  таърихан исбот намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.