Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»- и шаҳри Москва Сергей Балдин мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуоти Хадамот иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи маркази муҳоҷирати пойтахти Русияро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Сергей Балдин мухтасар дар бораи фаъолияти маркази муҳоҷират, аз ҷумла вазифаҳои намояндагии Марказ дар мавриди дар Тоҷикистон паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Маскав ва огоҳ кардани корфармоёни Маскав дар бораи мавҷудияти мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ маълумот дод.

Зикр шуд, ки ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатӣ; тафтиши имкони вуруд ба қаламрави Русия ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ; машварат додани муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои шуғл; тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош дар Маскав бо шумули назардошти маҳдудиятҳои марбут ба пандемия; назорати вуруди муҳоҷирон ба Русия, аз ҷумла мавҷудияти ҳуҷҷати тиббӣ оид ба тасдиқи натиҷаи санҷиши COVID-19 низ аз ҷумлаи вазифаҳои намояндагии Марказ ба шумор мераванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.