Ду очерки таърихии поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар тарҷумаи профессор Абдусалом Мамамдназаров қарор аст дар ИМА ба нашр бирасанд. Дар ин бора худи Мамадназаров зимни ҳамоиши илмиву адабии  «Устод Айнӣ ва фарҳанги миллӣ»  дар Душанбе хабар дод.

Абдусалом Мамадназаров профессори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллӣ гуфт, ӯ чанд сол пеш бо ибтикори худ очеркҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ»-и устод Айниро ба инглисӣ тарҷума кардааст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр мешаванд.

Ба гуфтаи профессор Мамадназаров ҳоло чанд шарқшиноси маъруфи аврпуоиву амрикоӣ ба ин тарҷумаҳо тақриз менависанд ва баъди арзёбии онҳо замони дақиқи нашри сосори Айнӣ дақиқ хоҳад шуд. Матбааҳое, ки тасмими нашри ин осорро доранд мунтазири арзёбии коршиносон будаанд.

Ин донишманди тоҷик мегӯяд, ки ният дорад осори таърихии дигари устод Айниро ҳам дар минбаъда ба инглисӣ тарҷума кунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.