Ташхиси бемории аудиторҳои бонки Эсхата, ки аз Қазоқистон, ки барои бозрасии берунӣ даъват шудаанд , дар озмоишгоҳи Душанбе ҳам натиҷаи манфӣ додааст. Аз ин пеш натиҷаи ташхиси онҳо дар Хуҷанд ҳам натиҷаи манфӣ дошт. Дар ин бора сардори маркази санитарию эпидемиологии Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод ва гуфт “инҳо гулӯдарди шадиди монанд ба зуком доштанд” ва баъди ҷавоби ташхис  “карантини хонагӣ надоранд”.

Бемор шудани ин бозрасҳо дар Хуҷанд сару садоҳоеро ба бор оварда буд, ки гӯё бемории коронавирус дубора дар Тоҷикистон пайдо шудааст.

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, ҳафтае пеш панҷ нафар бозраси аз Қазоқистон ба бонки Эсхата омада бемории шадиди гулӯ ё монанд ба зуком шудаанд. Ӯ гуфт, онҳо замоне ба Хуҷанд омадан натиҷаи ташхис доштаанд, ки манфӣ буд. Аммо ду бозрас дар ин ҷо бемор шудааст, ки инро аз гарму хунукии ҳаво медонанд. Манбаъ мегӯяд, ҳамаи ташхисҳо манфӣ буд ва барои эҳтиёт ба пажуҳишгоҳи Душанбе низ равон кардаанд, ки манфӣ баромадааст.

“Мувофиқи пешниҳоди бонк, 3 нафар қазоқ, 1 нафар қирғиз - ҷамъ 5 нафаранд. Каме шубҳаовар бошад ҳам, мо барои хотирҷамъӣ ду се намуди ташхис мегирем. Ҳамаи ин аудитҳо зери назорат ҳастанд. Се чаҳор рӯзе, ки таб карданд, дар меҳмонхона ба карантини хонагӣ (изолятсия) гирифта шуда, ба маъмурияти меҳмонхона гуфтем то натиҷаи ташхис эҳтиёт шаванд. Ташхис манфӣ баромад,  ҳоло онҳо дар карантин нестанд”.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ ҳам мегӯяд, ки дар ин авохир ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабти ном нашудааст. Рӯзи 15-уми апрел аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин сару садоҳо асос надоранд.  

Сардори Маркази санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамчунин мегӯяд, ки онҳо барои эҳтиёт кормандони меҳмонхонаеро, ки ин хориҷиҳо дар он ҷойгиранд, ташхис кардаанд, ки ҳама сиҳат будаанд. "Агар ташхис манфӣ мебуд, меҳмонхонаро мебастанд, вале ҳоло ҳамаҷо ором ягон шикояте набудааст, - мегӯяд ин масъули беҳдоштӣ.

Як масъули Бонки Эсхата ҳам дар суҳбат бо “Азия-Плюс” низ гуфт, ин бозрасҳо панҷ нафаранд ва гулӯдард шудаву ҳамагӣ баъди ду рӯзи таб сиҳат шуданд. Манбаъ гуфт, онҳо ҳоло корашонро идома дода истодаанд ва дар бонк ҳуҷраи алоҳидаи корӣ ҷудо кардаанд, ки ягон нишонаи беморие надоштаанд. Манбаъ мегӯяд, меҳмонҳо 13-уми март омада буданд ва ҳамагӣ як ҳафта пештар таби баланд кардаву духтурони маркази эпидемиологӣ аз онҳо ташхис гирифта ба Душанбе равон карданд. Вале дар ду рӯзи баъди ташхис бозрас сиҳат шудааст.

“Мо аз эҳтиёт 60 нафарро, ки мулоқот карда буданд ё аудиторҳо наздашон рафта буданд, ҳамаи онҳоро дар ташхисгоҳи “Луқмони Ҳаким” ташхис кардем,  ҳама манфӣ баромад. Аудиторҳо 20 рӯз пештар омаданд, агар бемориро бо худашон меоварданд, дар ин давра қисми зиёди кормандон алакай бемор мешуданд”.

Аммо ин масъули бонк, рӯзи 15-уми апрел гуфт, ки натиҷаи ташхиси Душанбе то ҳол ба онҳо нарасидааст ва илова кард, ки агар тасдиқ мешуд, фавран хабар медоданд.

“Бо вуыуди ин,  мо ҳамаи корщои безараргардониро аз рӯйи қоида карда истодаем. Шахсоне, ки аз наздик суҳбат кардаанд, гуфтем ҳоло фосилавӣ кор кунанд, баъдан пурсидем ҳама  сиҳатанд”-илова намуд манбаъ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.