Акнун ба муҳоҷирони корие, ки  ба Русия мераванд, лозим меояд, ки на бо гузашти ҳар панҷ сол мисли пешин, балки се сол дубора аз донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Сарвазир Михаил Мишустин дар ин хусус қарори марбута ба имзо расонид. Санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

“Муҳлати амали сертификат (гувоҳнома)-и донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонугузории Русия <…> се сол аз замони додани он муқаррар карда шавад”, - гуфта мешавад дар санад.

Ҳамчунин мутобиқи ин қарор, сертификат барои гирифтани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВЖ) се сол амал мекунад. Дар навбати худ, муҳлати амали сертификат барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) номаҳдуд аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ба таври кофӣ донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия ба хориҷиён барои дастрас намудани иҷозаи кор ё патент дар Русия лозим аст.

Сертификат аз ҷониби муассисаҳои махсуси соҳаи маориф ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам берун аз ҳудуди он дода мешавад.

Вазорати маориф ва илм дар бораи кам кардани муҳлати амали сертификатҳои мазкур охири моҳи феврали соли 2021 пешниҳод ироа карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.