Овозхони машҳури Русия Алла Пугачёва доир ба суруди Russian Woman («Русская женщина»)-и Манижаи Сангин (Manizha), ки бо ин суруд ӯ аз Русия дар озмуни “Евровидение” дар соли 2021 намояндагӣ мекунад, изҳори назар кард. Дар ин бора Газета.ру хабар медиҳад.

Назари худро Пугачёва дар YouTube-шоу «Музыкалити» баён кард.

“Нахуст ӯ (Манижа) як шахсият мебошад <...>. Суруд маҳз барои “Евровидение” аст”, - иброз доштааст овозхон.

Ғайр аз ин, Пугачёва гуфтааст, Манижа ба ӯ маъқул аст ва бо шӯхӣ ба суруди ӯ дар озмун иловае ҳам кардааст.

“Ман аз он сар мекардам, ки “медонам, ки чизе намегирам, лекин ман зани русам, ҳамаашро ба як тини сиёҳ намегирам”. Ана чунин матн хеле хуб мешуд”, - илова намудааст Пугачёва.

Озмуни “Евровидение” бояд рӯзҳои 18-22 май дар толори Ahoy-и Роттердам бо иштироки сарояндагон аз 41 кишвари дунё баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол, созмондиҳандагони озмун изҳор доштаанд, ки худи озмун ба таври зинда (офлайн) доир гардида, лекин намояндагони ҳайатҳо, инчунин шумори рӯзноманигоронро кам мекунанд.

Аз Русия дар ин озмун овозхон Манижаи Сангин бо суруди Russian Woman намояндагӣ мекунад. Чанде пеш маълум шуд, ки дар озмун ӯ рӯзи 18 май дар даври аввали нимфиналӣ зери рақами 3 баромад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.