Дар ноҳияи Кӯшониёни  вилояти Хатлон баъди марги 4 бошандаи ин ниҳоя баъди заҳролудшавӣ аз хӯрдани занбурӯғ сардухтури як беморхонаи ҷамоатӣ боздошт шудааст. Аз 11 нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки 27 март аз замбурӯғ заҳролуд шуда буданд то кунун 4 нафарашон фавтиданд.

Ин 11 нафар узви як хонавода аз деҳаи Д.Нуриддини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён буданд, ки 4 нафари онщо фавтид. Баъди фавтидани заҳролудшудагон додситонии ноҳия ба таҳқиқи қазия пардохтааст.

Ба гуфти як манбаъи аз қазия огоҳ, додситонӣ  бар он назараст, ки табибон ба беморон сари вақт ёрии зарури нарасонидаанд. Аз ин ин хотир додситонии ноҳияи Кӯшониён бар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар доираи ин парванда сардухтури Беморхонаи деҳотии №2 ҷамоати деҳоти Заргар Идибек Боймуродзода вадухтури навбатдори замони ҳодиса  М.Шарипов боздошт шудаанд.

Мувофиқи сарусадоҳо ва баъзе маълумоти ғайрирасмӣ аз манбаъҳои "Азия-Плюс" дар ин парванда боз пойи чанд табиби дигар низ кашида шудааст.

Худи духтур М.Шарипов чанд рӯз қабл дар як суҳбати сарироҳӣ бо хабарнигори “Asia-Plus” гуфта буд, ки шабона вақте беморронро оварданд ман навбатдор будам. “Дидам вазъашон бисёр вазнин аст, муоина кардам ва тавися додам, ки фавран ба Беморхонаи вилоятии рақами 1 ба номи Бӯрӣ Воҳидов бубаранд, зеро мо дар ин беморхонаи деҳотӣ шароити расонидани ёрии заруриро ба ин гуна беморон надорем”, – гуфта буд Шарипов.

Як нафар аз ҳамдеҳагони фавтидаҳо гуфт, ки ҳамон шаб ин хонаводаро дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ё ба қавле "Қарияиболо" - шаҳри Бохтар бистарӣ карданд. Вале намедонем барои чӣ як рӯз пас онҳоро аз беморхонаи вилоятӣ ба беморхонаи деҳотӣ оварданд, ки ҳеҷ шароити нигоҳдории чунин беморони дар ҳолати вазнин қарор доштаро надорад?

Ба ин суол то кунун намояндаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳозир нашуданд посух бигӯянд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.