Сокини деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб Мансур Шоназарови 45-сола 16 апрел дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати видеоӣ нашр намуда, дар он аз мавриди таҳдид ба шиканҷа қарор гирифтанаш аз ҷониби кормандони милитсия шикоят намудааст.

Бо мақсади санҷиши ваҷҳҳои дар навор инъикосгардида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки дорои бемории руҳӣ буда, дар қайди МД «Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ» қарор дорад ва пайваста бо ташхиси «Ихтилоли ғашёнии шахсият бо пайдошавии хуруҷҳои ғашёнӣ» дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ бистарӣ ва табобат мегирифтааст.

“Ҳолати бемории равонии шаҳрванд Шоназаровро пайвандону наздикон, аз ҷумла ҳамсару фарзандонаш низ тасдиқ намуда, иброз доштаанд, ки ҳолати сабти навор ва пахши он дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук зимни хуруҷи навбатӣ ва ангезаҳои бемории равонӣ дар шаҳрванд ба вуқуъ омадааст”, - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷиҳати ба табобат фаро гирифтан, номбурда ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ дастрас ва бистарӣ карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.