Се сол пеш, 19 апрели соли 2018 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи молияи давлатӣ» қабул намуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат ва маблағгузорӣ ба фонд аз ҳисоби буҷет пешбинӣ гардида буд.

Тағйироту иловаҳои воридшуда пас аз анҷоми дигар расмиёти ҳатмии давлатӣ аз 17 майи соли 2018 мавриди амал қарор гирифтанд.

Интиқоли маблағ ба фонд ва ба фаъолият пардохтани он танҳо баъди ваколатҳояшро супурдани президенти ҳозира оғоз мегардад.

Вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод зимни суханронӣ он замон назди вакилон доир ба ин масъала изҳор дошта буд, ки ҳамасола аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 0,2 фоиз маблағҳо ба ин Фонд гузаронида мешаванд.

Масалан, агар имрӯз ин фонд амал мекард, ба он 56 млн сомонӣ (ҳудуди 5 млн доллар) маблағ гузаронида мешуд.

Тартиби истифодаи маблағҳои Фондро худи Пешвои миллат, яъне президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад ва дар назар аст, ки он ба амалисозии мақсадҳои хайру эҳсон равона мегардад.

Ду фонди гуногун

Бархе зери мафҳуми Фонди Пешвои миллат Фонди захиравии президенти Тоҷикистонро мефаҳманд, ки чунин нест.

Байни ин фондҳо умумияте вуҷуд дорад, масалан, ҳар ду аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ шуда, пулҳо ба чорабиниҳои хайрияву эҳсон равона мегарданд, лекин ба ҳар ҳол, ин ду фонди гуногун аст.

Барои маблағгузорӣ ба Фонди захиравии президенти Тоҷикистон ҳамасола 1,5% аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ҷудо мешавад.

Дар буҷети соли равон барои маблағгузорӣ ба Фонди захиравии президент 404 млн сомонӣ (36 млн доллар) пешбинӣ шудааст.

Фонди захиравии президент вазифаи фонди субот ва ба эътидол оварданро иҷро мекунад. Маблағҳои он метавонанд ба эҳтиёҷоти аввалиндараҷа, инчунин чорабиниҳои хайрия равона шаванд.

Масалан, моҳи майи соли гузашта дар шароити пандемияи коронавирус дар кишвар аз ҳисоби Фонди захиравии президент барои пардохти иловагӣ ба маоши кормандони тиббӣ 12,4 млн сомонӣ ҷудо шуд.

Ғайр аз ин, ҳамасола аз ҳисоби буҷет инчунин Фонди хароҷоти ғайричашмдошти ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Аз буҷети соли равон барои маблағгузории ин фонд 100 млн сомонӣ ҷудо мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.