Бозрас ё аудиторҳои қазоқистони Бонки Эсхата дар Хуҷанд, ки бо гумони гирифторшавӣ ба каронавирус карантин шуда буданд, 20-уми апрел бо чанде аз рӯзноманигорон суҳбати рӯбарӯ карданд. Баъди беморшавии ин бозрасҳо ва қарантина кардани кормандоне, ки дар бонк бо онҳо сару кор гирифтаанд, дар шаҳри Хуҷанд сару садоҳои бозгашти коронавирус дубора доғ шуда буд. 

Ин бозрасҳо дар суҳбати имрӯз гуфтаанд, ки ҷойи нигаронӣ нест, танҳо баъди гулӯдард таб кардаанд ва чанд давраи ташхисашон натиҷаи манфӣ додааст. 

Бо дархости чанде аз рӯзноманигорони Суғд баъди аз қарантини хонагӣ ба кор оғоз кардани бозрасҳои қазоқ Бонки Эсхата иҷозаи суҳбати ҳузурӣ бо онҳоро дод. Панҷ нафар бозрас, ки байнашон як зане ҳам буд дар утоқе машғули кор буданд. Бинобар меъёрҳои дохили ширкате, ки бозрасҳо аз суй он ба Хуҷанд омадаанд барои аксгириву навор ва машварати зиёд иҷозат набудааст. Аммо як бозраси қазоқ ҳангоми кор дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт сиҳатанд ва ҷойи шубҳае дар солимияшон намондааст.

“Ҳамаш хуб аст, ҷизе нашудааст. Чанд бор ташхиси тестӣ супоридем дидем чизе пайдо нашуд, натиҷаи ҳама манфӣ буд, гулӯдарди маъмулӣ буд. Тибқи қоида беш аз 14 рӯз дар карантини хонагӣ будем. Натиҷаи ташхисро дорем бо худ ба бонк наовардем, дар меҳмонхона ҳаст”

Хабари гулӯдард ва таб кардани меҳмонони қазоқ дар шаҳри Хуҷанд боис ба сарусадоҳо ва овозаи бозгашти каронавирус ё штами нави он гардида буд. Овозаи он ба ноҳияҳои вилояти Суғд то ба шаҳри Душанбе расида ба нигарониҳо сабаб гардид. Вале масъулини бонк ва мақомоти беҳдоштӣ дар ин бора иттилои расмие дарҷ накарданд.

Дар ҳамин ҳол Маъруф Латипов, сардори шӯъбаи маркетинг дар Бонки Эсхата мегӯяд, рӯзи 2-уми апрел яке аз бозрасҳо гулӯдар шудаву ҳарорати баданаш баланд шуд. Бонк барои эҳтиёт тавсия додааст, ки аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва то дарёфти натиҷаи чанд давраи тест дар меҳмонхона бимонанд. Вай гуфт 3 нафар аз бозрасҳо рӯзи 14-уми март ва 2 нафари дигар 21-уми март вориди Хуҷанд шуда буданд ва замони омадан натиҷаи ташхиси манфӣ доштанд.

“Ҳаво медонед дар моҳи март хунук буд, чунин шуд, ки як нафар аз аудиторҳо гулӯдар шуда табашон баландтар шуд. Баъд мо тавсия додем, аз ташхисти духтур гузаранд. Чун ҳарорат баланд буд бо чунин ҳол бонк иҷозаи кор намедиҳад. Санаи 2-уми апрел тест супориданд то ҷавоби он  тавсия додаем, ки аудиторҳо ба таври фосилавӣ кор кунад. Натиҷаи тест манфӣ баромад, вале боз тавсия додем 14 рӯзи дигар дар хона фосилавӣ кор кунанду такроран тест супоранд, ҷавоби тести такрорӣ боз манфӣ баромад”.

Ин масъули Бонки Эсхата мегӯяд, оғози моҳи апрел баъди табу гулӯдард шудани яке аз аудитор ва то баромадани ҷавоби ташхиси коронавирус ҳамчун чораи эҳтиётӣ 23 нафар кормандони бонкро ба кори фосилавӣ равон карданд. Аммо 60 нафарро аз ташхиси коронавирус гузаронидаву 23 нафаре, ки робитаи наздик бо аудиторҳоро доштаанд муддате ба кори фосилавӣ равон кардаанд. Ташхиси онҳо низ манфӣ баромадааст.

“Айни ҳол ҳамаи кормандон дар ҷойи кор ҳастанд. Ин корҳо ҳама ба хотири пешгирӣ ва иҷрои чораҳои эҳтиётии Вазорати тандурустӣ буд. Ба овозаҳо набояд бовар кард. Ва худи аудиторҳо нақша доранд то охири апрел корашонро ба итмом расонидаву баргарданд”. 

Қаблан Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази санитарию эпидемиологии Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки мардум ба овозаҳо бовар накунанд ва аудиторҳо бо иллати гулӯдард дар  карантини хонагӣ қарор доранд. Вай гуфта буд натиҷаи ташхисти аудиторҳо дар озмоишгоҳи Хуҷанду Душанбе манфӣ баромад. 

“Агар ҳамин тасдиқ худашро меёфту бемор мебуданд, мо алакай ба тариқ фаврӣ онҳоро изолятсия карда ба беморхонаи аз тарафи Вазорат тасдиқшудаи сироятии Хуҷанд, ки  маркази COVID мегӯянд ҳамонҷо бурда бистарӣ. Бо ин беморӣ ҳоло шӯхи мумкин нест”-гуфта буд Абдумавлонзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.