Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода ба Донишкадаи знергетикии Тоҷикистон дар ин шаҳр  рафта, Зафар Нуралиев донишҷӯйи ин донишкадаро барои аз ғарқшавӣ наҷот додани як духтари ҷавони 23-сола, бо сипоснома ва ҷоизаи молӣ тақдир кардааст.

Зафар Нуралиев донишҷӯйи соли сеюми ин донишкада рӯзи 19-уми апрел ин духтарро аз дарёчаи Ҷайҳун наҷот додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Бохтар.

“Рӯзи 19 апрел дар маркази маъумурии вилояти Хатлон -шаҳри Бохтар озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб 2021” доир мегардид. Дар рафти ин озмун Шабнам Сафарова сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, тасодуфан дар дарёчаи “Ҷайҳун” меғалтад, ки аз сабаби хунукӣ ва ҳаракати тез Шабнам имкони баромадан намеёбад. Зафар Нуралиев, донишҷуи курси 3 юми Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, худро ба об андохта Шабнамро аз об мебарорад”- хабар додааст маркази матбуотии раиси шаҳр.

Раиси Бохтар ин амалкарди Зафар Нуралиевро қаҳрамонӣ номида, ба хотири наҷоти ҷони як инсон аз ӯ изҳори сипос кардааст.

Дар ҳамин маврид ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Диловар Исозода низ ин амали шогирдашонро як амали ҷавонмарди номида ба ӯ арзи сипос карда, аз номи донишкада низ ба ӯ “Сипоснома” ва туҳфаи молӣ додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.