Тавсия мешавад, ки ифторҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар доираи оила гузаронида шаванд, изҳор дошт раиси раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода.

“Ҳеҷ касе қабули меҳмононро манъ накардаву ҳамаи гуна чорабиниро метавон бо шумори муқарраркарда аз ҷониби ситод баргузор намуд. Ифторро дар доираи оила гузаронидан лозим аст”, - гуфт раиси Кумита пас аз ҷаласаи парлумон, ки дар он ба қонуни танзими анъанаҳо тағйирот ворид шуд.

Мувофиқи ин тағйирот, минбаъд шахсони воқеӣ, ки меъёрҳои қонуни зикршударо риоя намекунанд дар ҳаҷми аз 100 то 130 нишондиҳанда барои ҳисоб, шахсони мансабдор - аз 250 то 280 ва шахсони ҳуқуқӣ - аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима мешаванд.

Тағйирот ба қонун аз як тараф зидди исрофкорӣ равона шуда, аз ҷониби дигар ҷамъшавии издиҳоми мардумро дар як ҷой дар замони пандемияи коронавирус пешгирӣ мекунад.

Савол дар бораи ифтор барои он дода шуд, ки ахиран ба ин маъракаи шомгоҳӣ, ки бештар дар хонаҳои азодорон гузаронида мешавад, одамони хеле зиёд даъват карда мешаванд.

Тибқи сарчашмаҳои исломӣ, ифтор амали фарз (ҳатмӣ) ё воҷиб (зарурӣ) нест. Аз ин рӯ, Шӯрои уламо тавсия медиҳад, ки ифтор бо волидон, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандони наздик гузаронида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.