Солҳои 2022-2023 1050-солагии донишманди бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ бо ҳимояти ЮНЕСКО – созмони илму ҳунари СММ таҷлил мешавад. Ин тасмим 17-уми апрел дар Иҷлосияи 221-уми Шӯрои иҷроияи ин созмон гирифта шуд.

Пешниҳоди таҷлили 1050-солагии Берунӣ ба ЮНЕСКО аз сӯйи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия дода шуда буд. Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар медиҳад, ин масъала моҳи ноябри соли равон  барои таъйи ба иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Пориси Фаронса пешниҳод хоҳад шуд.

Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ, донишманд, риёзидон, ҳамачиздон (энсклопедист), ситорашинос, тақвимшинос, инсоншинос, ҳиндшинос, таърихнигор, гоҳнигор ва физикдони барҷастаи форсу тоҷик аст.  Беруниро аз бузургтарин донишмандони мусулмон ва яке аз бузургтарин донишмандони тамаддуни эронӣ дар ҳамаи бахшҳо медонанд.

Ба навиштаи донишмандон ӯ   ба забонҳои хоразмӣ, форсӣ, арабиву санскрит мусаллат буд ва бо забонҳои юнони бостон, ибрии тавротӣ ва сурёнӣ ошноӣ дошт.

Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳри Кос, пойтахти бостонии Хоразм, ки ба ҳайати Давлати Сомониён (ҳоло шаҳри Берунӣ дар  Қароқалпоқистон) дохил буд, таваллуд шудааст. 9 декабри соли 1048 даргузаштааст ва дар шаҳри Ғазнини Афғонистон мадфун аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.