Дар доираи сафари расмии ҳайати вилояти Суғд ба Фарғона байни шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯқанди вилояти Фарғона Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ёддошти ҳамкорӣ зимни қабули расмӣ дар қасри “Ӯрда”-и шаҳри Қӯқанд аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов имзо шуд.

Имзои санад ба роҳандозии ҳамкорӣ миёни ду шаҳри таърихии вилоятҳои Суғду Фарғона замина мегузорад, гуфта мешавад дар хабар.

Акнун мувофиқи санад, ду шаҳри таърихӣ ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ тақвият бахшида, инчунин ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фарҳангу варзиш, сайёҳиву тандурустӣ ва маорифу илм рушд меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки охири ҳафтаи гузашта ҳайати расмии вилояти Суғд таҳти сарварии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст" ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон сафар кард.

Дар анҷоми форум миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона - шаҳри Конибодом  ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара,  шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи  Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Моҳи май аз сафари ҷавобии ҳайати Ӯзбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.