Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба гумони ғолиб, талаби сохтори масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистонро иҷро намуда, билетҳоро ба хатсайрҳои чартерӣ арзон карданд. Ҳеҷ набошад, аз хазинаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар бораи поинравии арзиши билети парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия хабар доданд. Сохторҳои расмӣ алҳол хомӯшанд.
“Пештар билет ба парвозҳои чартерии гуногун аз 11 ҳазор то 15-16 ҳазор сомонӣ нарх доштанд, лекин чанд рӯзи ахир арзиши онҳо то 9 ҳазор сомонӣ поин рафт. Масалан, билет ба хатсайри самти Хуҷанд-Маскав 8,5 ҳазор сомонӣ нарх дорад”, - гуфтанд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ.
Дар дигар хазина ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки билет ба парвозҳои чартерӣ аз Душанбе то Маскав тамом шуда, он аллакай то моҳи июн фурӯхта шудааст.
“Аз 5 июн нархи билети парвози чартерӣ бо хатсайри Душанбе-Маскав аз 8 ҳазору 600 сомонӣ сар мешавад. Ба дигар шаҳрҳои Русия билетҳо аз 8 то 9 ҳазор сомонӣ нарх доранд”, - иброз доштанд дар хазинаи билетфурӯшӣ.
Вазъият дар хатсайрҳои доимӣ ба Маскав низ чунин аст: дар хазинаҳо ба ин хатсайрҳо умуман билет нест.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон вазъи вобаста ба талабашон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро расман шарҳ надоданд ва маълум нест, ки он иҷро шудааст ё не.
22 апрел мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд, вагарна Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад.
Сардори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки аз оғози мавсими баҳору тобистон сар карда, сафари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба самти Русия зиёд гашта, ҳолати мазкурро ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишваря ба фоидаи худ истифода ва нархи чиптаи ҳавопаймоиро бениҳоят баланд намуданд.
Ёдрас мекунем, ки Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон боз кард. То ҳол барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Дар як ҳафта танҳо ду парвоз тариқи хатсайрҳои доимӣ сурат мегирад, ки то тобистон билет ба онҳо пурра фурӯхта шудааст. Дар ҳамин ҳол, давоми ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Русия зиёда аз 20 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо ширкатҳои «Сомон Эйр» ва Utair, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, арзиши билетро ба самти рафтану бозгашт дар хатсайри Душанбе-Маскав 500 доллар муқаррар кард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо менависанд, ки арзиши билет ба хатсайрҳои чартерӣ то ба 15 ҳазор сомонӣ мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.