Гулчеҳра Ғанизода аз миёни касоне, ки бар пайи тағйироти кадрии имрӯз ба мансабҳои гуногун расиданд, барои низоми мансабдории Тоҷикистон аз ҳама чеҳраи ғайримутаориф буд. Зӯро ӯ аз мақоми мудири мактаби миёна ба мансаби муовини вазири маориф ва илм расид.

Ҷаҳише дар мансаб, ки барои ҷомеаи сиёсии Тоҷикистон ғайриинтизор буд. Ин таъинот саволеро ба бор овард, ки Ғанизода кист?

Ӯ имрӯз баъди таъин шуданаш дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки бо пешниҳоди вазорати маориф ва ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб таъин шудааст.

Ғанизода гуфт, ки то ин вақт мудири мактаби миёни шумораи 34-и Душанбе буд ва аз ин пештар 12 сол мудири мактаби № 12 дар Душанбе буд, ки шояд натиҷаи кораш ӯро ба ин мақом расонида бошад.

Дар шарҳи ҳоли Ғанизода омадааст, ки декабри соли 1969 дар Душанбе таваллуд шудааст ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро соли 1992 дар риштаи забону адабиёти рус хатм кардааст. 

Ба унвони мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, муовини мудири мактаби № 49-и Душанбе, мутахассиси дараҷаи аввали ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва мудири мактаби 28-и  Душанбе, мутахассиси шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Душанбе, мудири шуъбаи таъминоти методии раёсати маорифи Душанбе, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, муовини директори мактаби № 21 ва гимназияи  № 74 Душанбе кор кардааст. 

Оиладор ва соҳиби ду фарзанд будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.