Баъди нашри як муроҷиат дар "Азия-Плюс" намояндагони Раёсати тандурустии Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ба аёдати Фархунда Тиллозода омада, ба табобати ин кӯдаки 5-солаи маъюб пардохтаанд. Дар ин бора падари Фархунда Абдусалом Саидов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод.

Абдусалом Саидов, падари Фархунда ва Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, кӯдаки тоҷике, ки дар Русия бар асари як ҳодисаи фоҷиавӣ кушта шуда буд, бо нашри як муроҷиат ба вазири тандурустӣ Ҷамолддин Абдуллозода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода дар хабаргузории «Азия-Плюс» дархост карда буд, ки ба фарзанди дигари 5-солаи  маъюбаш ёрӣ расонанд ва ӯро ройгон табобат кунанд.

Саидов, гуфт, баъди нашри муроҷиат ҳоло фарзандаш зери назорати Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб аст.

«Баъди нашри мақола намояндагон аз ҳукумат, Раёсати тандурустии шаҳри Кӯлобу ҷамоат омада рафтанд, кӯмак карданд ва духтарчаам ҳоло дар хона табобати ройгон гирифта истодааст. Аз нафароне, ки ба фарзандам кӯмак мекунанд, миннатдорам».

Вале падари ин кӯдак мегӯяд, ки то имрӯз дигар аз касе кӯмаки моливу моддӣ нагирифтаанд.

Нигина Тиллозода, модари Фархунда мегӯяд, ки духтараш маъюб асту ҳар сол бояд табобат шавад. Ду соли охир  бо сабаби тангдастӣ  натавонистанд, ки ӯро сари вақт табобат кунанд.

«Дусол шуд табобат нагирифтааст ва саломатияш бад шуд. Ҳоло маҳси бадан гирифта истодааст ва баъди ду рӯз ба анҷом мерасад. Баъдан дар беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ мегардад ва зери назорати сардухтур қарор мегирад. Ӯ низ ба хабаргирияш омада буд. Баъди каме барқарор кардани саломатӣ ба осоишгоҳ фиристода мешавад», - илова кард модари Фархунда.

Бояд қайд кард, ки Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи 5-солаи тоҷик, ки дар Русия кушта шуд ва гумонбар ба қатли ӯ 9-апрели ҳамин сол, тақрибан баъди се соли баҳсҳои доманадори додгоҳӣ аз беморхона раҳо ва ба боздоштгоҳ фисристода шуд, аз  вазири тандурусти Тоҷикистон Ҷамолддин Абдуллозода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода дархости  ёрӣ барои фарзанди 5-солаи дигари маъюбаш Фархунда Тиллозода карда буд.

Худи Саидов ба “Азия-Плюс” гуфт, вазъи зиндагии хонаводаашон душвор буда, бо ҳамин сабаб онҳо имкон надоранд сари вақт фарзандашонро табобат кунанд.

Ӯ гуфта буд, «ҳоло фарзанди маъюбам ба табобат эҳтиёҷ дорад, вале бо сабабҳои маълум наметавонад табобати худро сари вақт бигирад. Ҳамсарам ҳам ҷойе кор намекунад ва ман дар Русия ҳастаму ҳоло даромади кор дар ин ҷо барои ҳама маълум аст. Ва эҳтиёҷ ба дастигирии мардум ва аз ҷумла Ҳукумати Тоҷикистон дорам».

Ҳамзамон ин хонавода дар моҳи шарифи Рамазон аз шахсони дигаре, ки имкон доранд хостори ёрӣ шудааст.

Нафароне, ки мехоҳанд ба оилаи Саидовҳо кӯмак намоянд, метавонанд ба рақами телефони +79686609033 Абдусалом Саидов тамос бигиранд. (рақами корти (4276400093718824). Ҳамзамон хайрхоҳоне, ки мехоҳанд ба ҳамсари Саидов, ки айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд, ёрӣ бирасонанд,  ба ин рақам 900319200 (рақами модари бемор) ё ба идораи «Азия-Плюс» тамос бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.