Фотимаву Зуҳро ва Ҳасану Ҳусейн чоргоникҳои оилаи ҷавони тоҷик - чормоҳа шуданд. Вазъи саломатии онҳоро волидонашон хуб арзёбӣ мекунанд. Падару модар аз таваллуди чоргоник хело хушҳоланд, аммо нигаронанд, ки рӯз то рӯз бо бузург шудани тифлон мушкилашон меафзояд.

Ба далели ин ки тавони волидайн ба танҳоӣ барои парастории кӯдакон намерасад, Далер Файзулоев падари чоргоникҳо хушдоманашро барои ёрдам даъват кардааст.

"Бароям мушкил шудааст ростӣ гап, бо ин 1200 сомоние, ки маош мегирам аз ин дида зиёд карда намешавад. Танҳо пули иҷораи хонаро медиҳам. Агар хона аз худам мебуд, ман ин маошро сад дар сад ба зиндагӣ мерасондам. Дар як моҳ танҳо бо 500-600 сомонӣ барои кӯдакон шири сунъӣ бояд бихарам".

Ба ҷузъ ин, қариб ҳамин миқдор пули дигарро барои масрафи боғчаи писари калониаш медиҳад.

Далер баъд аз хонадор шудани бародараш хонаи падарро тарк кард ва дар пойтахт иҷоранишин шуд, чун дар як ҳавлӣ имкони зиндагӣ кардани се оила вуҷуд надошт.

Далеру ҳамсараш то ин вақт дар хонаи хусуру хушдомаша зиндагӣ мекарданд.

Ҳоло мегӯяд, хонаи хусуру хушдоманам фақат ба танҳоӣ метавонам биравам, зеро хонаи онҳо ҳам танг аст, ҷой намерасад. Боли ин сунҳор (келин) доранд.

Таваллуди дугоник ё бештар аз он, дар таърихи Тоҷикистон камназир аст. Онҳое, ки пештар чоргоник таваллуд карда буданд, барояшон маблағҳои қобили мулоҳиза ё хонаву дигар туҳфаҳои гаронбаҳо медоданд. Ин хонавода то имрӯз умед бар он доранд, ки мақомоти дахлдор чун дигар оилаҳои чоргонику панҷгоник, ки соҳиби сарпаноҳ шуданд, мушкили бехонагии инҳоро низ бартараф хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки аз ин қабл ҳам Далеру ҳамсараш барои дарёфти хона  Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд карда буд ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардааст, то барои нигоҳубини фарзандон ба онҳо дар дарёфти манзил ёрӣ кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.